Ссылки доступа

Зиндониёни сиёсии Қирғизистон режими Отамбоевро "фасодзада" номиданд


Фаъолони сиёсии Қирғизистон Кубаничбек Қодиров ва Бектур Асанов президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро дар таъсиси ҳукумати фасодзада айбдор карданд.

Фаъолони сиёсӣ дар ин бора дар нахустин нишасти хабарии баъд аз раҳоияшон аз зиндон изҳори назар карданд.

"Мо дар зиндон ҷойро барои Отамбоев холӣ кардем. Мо ҳанӯз дар соли 2013 ошкор мегуфтем: ту гуруҳи ҷиноӣ ташкил, давлатро тороҷ ва ҷиноят содир мекунӣ. Имрӯз ҳамаи ин тасдиқ мешавад. Отамбоев роҳбари низомҳои фасодолуд буд. Ҷойгоҳи Отамбоев бояд дар зиндон бошад. Тамоми тимаш бояд бо ӯ дар зиндон шинад. Онҳо рақибони ҳукумати кунунӣ нестанд, балки фасодкоронанд", - гуфт Кубаничбек Қодиров.

Бектур Асанов ва Кубаничбек Қодиров моҳи марти соли 2016 бо айби талоши "ғасби худсаронаи ҳукумат" боздошт шуданд. Баррасии парвандаи онҳо зиёда аз 2 сол идома кард. Додгоҳи олии Қирғизистон 7 июни соли 2018 ҳар кадом аз ин ду фаъоли сиёсиро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Фаъолон парвандаашонро сиёсӣ унвон карданд. Додгоҳ онҳоро 12 феврал шартан пеш аз муҳлат озод кард.

XS
SM
MD
LG