Ссылки доступа

Муовини пешини сарвазири Қирғизистон мегӯяд, зери фишори бесобиқа қарор дорад


Муовини пешини сарвазири Қирғизистон Дуйшенбек Зилолиев бо нашри як изҳорот гуфт, мақомоти кишвараш дар доираи парвандае, ки зидди ӯ боз кардаанд, ба таври бесобиқа ба ӯву наздиконаш фишор меоранд.

"Дороиҳои на танҳо аз ман, балки аз тамоми хешонамро бидуни асос ва пешниҳоди далеле дар бораи робитаи онҳо бо ман ба ҳабс гирифтаанд. Вокуниши ин одамонро дарк мекунам! Умедворем, дар додгоҳ қазияро ҳал хоҳем кард", - гуфтааст ӯ.

Дар изҳороти муовини сарвазири пешини Қирғизистон омадааст, ки мақомот ҳисобҳои бонкии бархе аз шахсон ва ширкатҳои барои ӯ комилан ношиносро низ ҳабс кардаанд. "Ҳамчунин ҳисобҳои нафақаи волидони ман ва кортҳои маоши наздикони дигарамро ҳабс кардаанд. Ҳоло ин одамон бе маошу пули нафақа мондаанд", - афзудааст Зилолиев.

Ба гуфтаи Зилолиев, ҳамсари ӯ, ки дар замони боздошташ, дар моҳи дувуми ҳомиладорӣ буд, дар натиҷаи фишору бозпурсиҳои Кумитаи амнияти Қирғизистон кӯдаки худро афтондааст. "Дар натиҷаи фишорҳои равониву даъватҳои пай дар пайи маъмурони Кумитаи амнияти Қирғизистон ба бозпурсӣ ва хабарҳои дуруғи расонаҳо ҳамсарам тифламонро аз даст дод. Инро ман нахоҳам бахшид", - изҳор доштааст ӯ.

Муовини сарвазири пешини Қирғизистон дар охир гуфтааст, ки намедонад чаро мақомоти кишвар мехоҳанд, ӯро "шикананд". "Ин қадар зиёдаравӣ барои чӣ? Ҳадаф чӣ аст? Ман ҳамчун қудратии пешин медонам, ки ин корҳо бе ҳадаф нестанд", - афзудааст Зилолиев.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон 9 декабри соли гузашта хабар дод, ки Дуйшенбек Зилолиев бо гумони додани иҷозати ғайриқонунии коркарди кон боздошт шудааст.

Ба иттилои мақомот, бар асоси эъломияи расмӣ, Зилолиев дар солҳои 2011 то 2016 ҳамагӣ 2,5 млн сом (беш аз 35 ҳазор доллар) даромад доштааст. Даромади ҳамсари вай 408 ҳазор сом будааст. Аммо сарвати мансабдори пешин ба маротиб бештар аз рақамҳои расмӣ аст.

Муфаттишон ошкор кардаанд, ки то моҳи сентябри соли 2018 Зилолиев 889,9 ҳазор доллари берун аз эъломияашро дар яке аз бонкҳои тиҷорӣ нигаҳ доштааст. Навори ошкоршавии 889,9 ҳазор доллар 11 декабр нашр шуд.

XS
SM
MD
LG