Ссылки доступа

Тоҷикистон аз Гугл ва Фейсбук андоз гирифтан мехоҳад


Бар асоси тарҳи як қонун, ширкатҳои хориҷие, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон хизматрасонии электронӣ пешниҳод мекунанд, вазифадор хоҳанд шуд, ба будҷаи Тоҷикистон андоз супоранд.

Бар пояи ин тарҳ, ки аз сӯи Вазорати молияи Тоҷикистон таҳия шудааст, дар сурати мувофиқати ҳукумат ва тасвиби он аз сӯи порлумон, ширкатҳое назири "Гугл" бояд ба мақомоти андози Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод карда, андоз аз арзиши изофашуда ё НДС пардохт намоянд.

Завқибек Шодиён, як масъули Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 11-уми март дар ҳузури хабарнигорон гуфт, лоиҳаи мазкур рӯзҳои наздик ба ҳукумат фиристода мешавад.

Шодиён афзуд, ин тарҳи қонун тағйирот ба Кодекси андозро пешбинӣ мекунад. Ба гуфтаи масъулони Кумитаи андоз, чунин тартиб дар қонунгузории Тоҷикистон то ба ҳол набуд ва дар ин кор аз таҷрибаи Русия истифода бурдаанд.

Ин ширкатҳо бояд дар ҳисоботи худ нишон диҳанд, ки аз пешниҳоди хизматрасонии электронии худ ба шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ қадар даромад гирифтаанд ва аз рӯи ҳамин арқому адад, ба будҷаи Тоҷикистон андоз аз арзиши изофашуда супоранд.

XS
SM
MD
LG