Ссылки доступа

Равуои нақлиёти Ӯзбекистон ба Чин тавассути Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад


Мақомоти Ӯзбекистон тасмим доранд, равуои нақлиётро ба Чин тавассути Тоҷикистон ба роҳ монанд. Дар ин робита президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қароре қабул кардааст.

Чораҳои тақвияти иқтидори транзитии бахши нақлиёти Ӯзбекистон тасдиқ шудааст. "Равуои санҷишии нақлиёт дар масири Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Чин ба роҳ монда мешавад", - омадааст дар "харитаи роҳ".

Як намояндаи вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар дод, ки равуои санҷишӣ бояд имконоти ҳамлу нақли коло аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистону Чинро муайян кунад.

XS
SM
MD
LG