Ссылки доступа

Дар Жанаозени Қазоқистон сокинон пас аз талаби ҷои кор боздошт ва бозпурсӣ шуданд


Пулиси шаҳри Жанаозени Қазоқистон 11 нафареро, ки 13 март ба маҳалли таҷаммуи сокинони бекор рафта буданд, нимашаби чоршанбе ба панҷшанбе дар манзили зисташон боздошт карда, бо худ бурд ва бозпурсӣ кард.

Маъмурони пулис онҳоро тақрибан соатҳои 9-и шаб аз маҳалли зисташон ба шуъба бурда, якуним соат бозпурсӣ кардаанд. Дар миёни боздоштшудаҳо солмандон ва занон низ ҳастанд.

Дар Жанаозен чанд рӯзи охир даҳҳо сокини бекор бо талаби ҷои кор ва маоши муносиб дар назди бинои шаҳрдорӣ ҷамъ мешаванд. Бино ба хабарҳо, рӯзи 13 март як корманди пулис ба назди ин издиҳом баромада, гуфтааст, ки ҷамъомади онҳо "ғайриқонунӣ" аст.

Сокинони Жанаозен мегӯянд, кормандони пулис ба маҳалли таҷаммуъ омада, онҳоро ба навор гирифтанд ва сипас ба воситаи ҳамон видео шахсияташонро муайян карданд. "Кормандони пулис пурсиданд, ки ту дар назди шаҳрдорӣ чӣ кор мекунӣ? Чаро ҳар рӯз ба инҷо меойӣ? Ту худат медонӣ, ки дар тазоҳурот иштирок дорӣ? Ин ғайриқонунӣ аст. Дигар ба инҷо наой. Агар бори дигар омадӣ, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳӣ шуд", - гуфт яке аз ҳамсуҳбатони мо.

Сокинони бекори ин шаҳри Қазоқистон аз моҳи феврали соли равон бо талаби ҷои кор ва маоши 150-200 ҳазортангаӣ (ҳудуди 400 доллар) эътироз доранд. Бархе аз эътирозгарон мегӯянд, ки кормандони пулис ба онҳо фишор меоранд. Вале пулис ин иддаоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG