Ссылки доступа

Ҳамла ба 2 масҷиди Зеландияи Нав 49 кушта бар ҷой гузошт


Дар натиҷаи ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба ду масҷиди шаҳри Крайстчерчи Зеландияи Нав дасти кам 49 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора cарвазири Зеландияи Нав Ҷасинда Ардерн иттилоъ дод.

Ба иттилои нашрияи The New Zealand Herald, чаҳор гумонбар, аз ҷумла як занро дастгир карданд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ҳамларо чанд кас анҷом додаанд. Коршиносон мегӯянд, ҳаҷми дастгоҳҳои тарканда ва аслиҳаи ёфтшуда нишон медиҳад, ки ҳамлагарон омодагии ҷиддӣ дидаанд.

Нашрия мегӯяд, яке аз гумонбарон шаҳрванди Австралия ҳаст. "Ин ҳамлаи террористӣ аст", - навиштааст манбаъ. Бино ба маълумоти пешакӣ, яке аз ҳамлагарон Брентон Таррант ном дорад. Ӯ ҳамла ба масҷидро тавассути пахши зинда дар Интернет намоиш додааст.

Бино бар хабари расонаҳо, ин ду масҷид дар наздикии ҳамдигар ҷойгир буда, замони ҳамлаи афроди мусаллаҳ дар дохили онҳо ҳудуди 300 кас ҳузур доштанд. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳамлагаре дар сар кулоҳи низомӣ ба сӯи намозгузорони масҷиди "Нур" дар маркази шаҳр оташ кушодааст.

Сарвазири Зеландияи Нав Ҷасинда Ардерн ҳамларо амали хушунатомези бесобиқа номид. "Ин яке аз рӯзҳои сиёҳ дар таърихи кишвар аст", - изҳор дошт ӯ.

Дар ҳоли ҳозир тамоми масҷидҳои Зеландияи Нав ба далели амниятӣ баста шудаанд.

XS
SM
MD
LG