Ссылки доступа

Э.Раҳмон гуфт, Русия бори дигар муҳоҷирони тоҷикро афв кунад


Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – рӯзи 16-уми апрел дар Маскав гуфт, Душанбе умед дорад, ки Русия бори дигар муҳоҷирони кории тоҷикро афв мекунад.

Дар рӯзи нахустини сафари расмиаш ба Русия, Эмомалӣ Раҳмон бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ – палатаи поёнии порлумони Русия – дидору мулоқот кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Думаи давлатӣ, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар бахши муҳоҷират миёни Тоҷикистону Русия чанд масъалаи ҳалталаб боқӣ мондааст.

Ӯ, аз ҷумла, ба масъалаи содда кардани ҷараёни сабтином, патент ва муайян намудани мақоми ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирон дахл кардааст. "Мо ба баргузор кардани як даври дигари афви муҳоҷирон умед дорем", - гуфтааст раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Русия солона ҳазорҳо муҳоҷири тоҷикро ба далели риоя накардани меъёрҳои кору истиқомат аз қаламраваш меронад ва аксари онҳо ҳақ надоранд, барои 5 сол ва ё камтар аз он ба он кишвар бозгарданд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, шумораи онҳое, ки дар ҳоли ҳозир аз ҳаққи сафар ба Русия маҳруманд, беш аз 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.

Муҳоҷирони тоҷик ва ҳомиёни ҳуқуқ пайваста мақомоти Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки аз ҳуқуқи садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳимоят карда наметавонанд. Дар Русия беш аз 1 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд. Онҳо аз боздоштҳои бесабаб, бадрафтории мақомоти интизомии Русия, ихроҷи пайваста шикоят доранд.

Дар мулоқоти рӯзи сешанбе раиси ҷумҳур Тоҷикистон ба масъалаи ҷалби сармояи Русия ба кишварро баррасӣ кардааст. Президент Раҳмон Русияро аз шарикони муҳими иқтисодӣ номбар карда ва аз сармоягузориҳои қобили мулоҳизаи ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон ёдовар шудааст.

"Аммо бо ин вуҷуд, ба пиндори мо, ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба имкониятҳое, ки дар ин соҳа мавҷуданд, мувофиқ нест. Мо ҷонибдорем, ки ба Тоҷикистон сармояҳои бузурги Русия биояд", - изҳор дошт ӯ.

Дар оғози мулоқот бо Вячеслав Володин президент Раҳмон таъкид кард, ки густариши муносибот бо "шарики стратегӣ" аз авлавиятҳои сиёсати Душанбе мемонад ва Тоҷикистон "дар 28 соли гузашта боре ҳам сиёсаташро нисбат ба шарики стратегиаш иваз накардааст".

Дар идома ӯ изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар тақвияти нерӯи низомии худ низ ба кумаки Русия такя мекунад ва "ба амалишавии фаъолонатари барномаи модернизатсияи нерӯҳои низомии худ умед дорад". ​

Ишораи президент дар робита ба барномаи навсозии артиш ва кумаки Маскав дар ҳолест, ки Русия соли 2012, замони тамдиди созишномаи будубоши пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон то соли 2042, гуфта буд, ки дар навсозии силоҳу аслиҳаи артиши Тоҷикистон кумак мекунад, аммо то ҳанӯз ба ҷуз аз чанд танку тӯпи кӯҳна ёрии назаррасе накардааст.

Аркадий Дубнов, таҳлилгари масоили Осиёи Миёна, рӯзи 16-уми апрел гуфт, барои Маскав нигоҳ доштани нуфузаш дар Тоҷикистон хеле муҳим аст.

"Ҳоло барои Маскав хеле муҳим аст, ки Душанбе шарики содиқ боқӣ бимонад, муносибати рӯ ба Русияашро тағйир надиҳад. Агар Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид ҳам нашавад, дар Маскав ғамгин намешаванд. Аммо барои Маскав бисёр муҳим аст, ки Душанбе дар меҳвари нуфузи Русия боқӣ бимонад ва нагузорад, ки нуфузи кишварҳои Ғарб, аз ҷумла Амрико зиёд шавад. Ба пиндори Кремлин, президент Раҳмон ҳамин "статус-кво"-ро нигоҳ медорад ва намегузорад, ки нуфузи Чину Ҳинд ва кишварҳои дигар дар Тоҷикистон аз Маскав дида зиёд шавад", - шарҳ дод Дубнов.

Бар замми он ки беш аз як миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русия кор мекунанд, ин кишвар шарики рақами яки тиҷоратии Тоҷикистон аст. Гардиши савдо миёни ду кишвар дар соли гузаштаи 2018 ба беш аз 1 миллиард доллар расид, вале дар ин доду ситад бештар Русия ба Тоҷикистон мол содир мекунад ва фоида мебардорад.

XS
SM
MD
LG