Ссылки доступа

Тоқаев расман номзади интихоботи президентии Қазоқистон шуд


Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон (КМИҚ) рӯзи 3 май президенти муваққат Қосимҷомарт Тоқаевро расман номзади интихоботи президентии 9 июн сабти ном кард.

"Шахсони боэътимоди Қосимҷомарт Тоқаев имзои 315 910 сокинро ба ҷонибдорӣ аз номзад шудани вай ҷамъ оварданд", - хабар дод КМИҚ. Бино бар қонунгузории Қазоқистон, номзадҳо ба мақоми президентӣ бояд барои сабти ном шуданашон на камтар аз 118 140 имзо ҷамъ оваранд.

КМИҚ гуфт, ки Тоқаев ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро барои расман сабти ном шудан таҳия кардааст. Вай расман ҳамчун номзад сабти ном шуд ва шаҳодномаи номзадӣ дарёфт кард.

Тоқаев дар моҳи марти соли ҷорӣ - баъди ба истеъфо рафтани Назарбоев - иҷрокунандаи вазифаи президенти Қазоқистон таъйин шуд.

Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон ӯро 23 апрел ба интихоботи президентӣ пешбарӣ кард.

Ҳамчунин рӯзи панҷшанбеи 2 май номзади эътилофи "Халик демографияси" Жуматой Алиев аз забони давлатӣ имтиҳон супорид.

Интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қазоқистон 9 июн таъйин шудааст. Сабти номи номзадҳо 11 май ба поён мерасад. Марҳилаи пешазинтихоботӣ дар ҳоле ҷараён мегирад, ки дар бархе аз шаҳрҳои Қазоқистон сокинон зидди баргузории интихоботи ғайринавбатӣ эътироз доранд. 1 май дар чанде аз шаҳрҳои Қазоқистон сокинон бо талаби таҳрим кардани интихобот ба кӯча баромаданд.

XS
SM
MD
LG