Ссылки доступа

Фаъолони қазоқистонии барои шиоровезӣ ҳабсшуда, озод шуданд


Осия Тулесова ва Байбарис Толимбеков, ки боздошт ва ба муҳлати 15 рӯз ҳабс шуда буданд, 5 май озод шуданд.

Ин ду фаъоли маданӣ баъди он боздошт шуданд, ки рӯзи 21 апрел дар мусобиқаи дав шиори "Аз ҳақиқат гурез нест"-ро бо даъвати баргузории интихоботи шаффоф овезон карданд.

Осиё Тулесова гуфт, қарори раҳоии онҳо рӯзи 5 май аз сӯи маъмурияти маҳбас қабул шудааст. "Фишори хуни Бейбарис баланд буд. Муоинаи тиббӣ нишон дод, ки сиҳатии ман ҳам заъф пайдо кардааст. Маъмурияти маҳбас тасмим гирифт, ки моро пеш аз муҳлат раҳо кунад. Ман каме вазн партофтам. Аммо ин ба нафъи ман аст", - нақл кард Осия.

"Осияву Бейбарисро мебоист субҳи 6 май раҳо мекарданд. Эҳтимол, ки маъмурияти маҳбас аз ҷамъшавии одамон пушти дари маҳбас дар рӯзи раҳоии онҳо тарсида, қабл аз адои муҳлат қарори раҳоияшонро қабул кардааст", - хабар дод модари Осия Жанар Жандосова.

Осия Тулесоваи 34-сола ва Бейбарис Толимбекови 20-соларо дар мусобиқаи дави рӯзи 21 апрел дар шаҳри Остонаи Қазоқистон боздошт карданд. Додгоҳ онҳоро дар "вайрон кардани тартиботи ҷамъомадҳои сулҳомез" айбдор донист.

Вазири корҳои дохилии Қазоқистон Ерлан Тургумбоев гуфт, ки онҳо "ба баргузории чорабинии варзишӣ халал расондаанд".

Созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ боздошт ва ҳабси фаъолонро маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG