Ссылки доступа

Шавҳари пешини Гулнора Каримова гуфт, харидор ва фурӯшандаи "Coca-Cola Bottlers Uzbekistan"-ро ба суд медиҳад


Ширкати ROZ Group ва хонаводаи Мақсудҳо пешниҳоди ҳукумати Ӯзбекистон ба сармоягузорони хориҷиро барои харидории саҳмияҳои давлат дар ширкати муштараки The Coca-Cola Bottlers Uzbekistan LTD "шадидан маҳкум карданд".

Бародарон Фарид ва Мансур Мақсудҳо 7 май дар як изҳороти муштарак гуфтанд, ки 55 дарсади саҳмияҳои ширкати муштараки Ӯзбекистону Амрико -- The Coca-Cola Bottlers Uzbekistan LTD ҳанӯз ҳам ба онҳо тааллуқ дорад.

"Ин гуна амали бемасъулиятонаи ҳукумати Ӯзбекистон сармоягузорони эҳтимолиро дар оянда зери хатар хоҳад гузошт. Ба додгоҳҳои ИМА ва байналмилалӣ шикоят бурда, ҳукумати Ӯзбекистон ва онҳоеро ба ҷавобгарӣ хоҳем кашид, ки саҳми моро мехаранд", - омадааст дар изҳорот.

Ёдрас мешавем, The Coca-Cola Bottlers Uzbekistan LTD-ро соҳибкори амрикоии ӯзбектабор Мансур Мақсуд ва хонаводааш соли 1993 таъсис доданд. Мансур ду сол пеш аз таъсиси ширкат бо духтари калонии президенти нахустини Ӯзбекистон Гулнора Каримова издивоҷ карда буд.

Дар изҳороти хонаводаи Мақсудҳо омадааст, ки ширкат бевосита 2 ҳазор одамро бо ҷои кор таъмин мекард. Бародарон Мақсудҳо гуфтаанд, ки барои бунёди ин корхона 50 миллион доллари худро сарф кардаанд.

Ба гуфтаи онҳо, пас аз ҷудо шудани Мансур ва Гулнора дар соли 2001 зидди хонаводаи Мақсудҳо маъракае ба роҳ монда шуда, тамоми корхона ва ширкатҳояшон дар Ӯзбекистон ғайриқонунӣ ғасб шуданд.

XS
SM
MD
LG