Ссылки доступа

Латту кӯби хонандагон дар Ӯзбекистон барои иҷро накардани вазифаи хонагӣ (видео)


Дар наворе, ки 6 май нашр шуд, дида мешавад, чи гуна омӯзгоре хонандагонро қатор монда, латту кӯб мекунад.

Ин ҳодиса 30 апрел дар яке аз мактабҳои шаҳри Ҷиззахи Ӯзбекистон рух додааст.

Модари яке аз хонандагони латтукӯбшуда гуфт, писари ӯро барои иҷро накардани вазифаи хонагӣ задаанд.

"Бори аввал нест, ки ин омӯзгор чунин мекунад. Мудири мактаб латту кӯб кардани омӯзгорро рад мекунад. Билохира яке аз хонандагон ин ҳолатро сабт карду воқеият ошкор шуд", - гуфт модари яке аз хонандагон.

Мақомоти маорифи вилояти Ҷиззах ваъда доданд, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG