Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон барои рушди забони миллӣ таъсиси ниҳоди нави давлатиро пешниҳод доранд


Ҳаракати умумимиллии "Юксалиш"-и Ӯзбекистон дар робита ба рушди забони ӯзбекӣ ва баланд бардоштани дониши забонии сокинони ин кишвар як қатор пешниҳодҳоеро таҳия ва ироа кардааст.

Ин пешниҳодҳо дар натиҷаи баҳсҳо атрофи дархости мақоми расмӣ додан ба забони русӣ дар Ӯзбекистон ироа шудаанд. Ёдрас мешавем, дар остонаи сафари вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ба Тошканд як гуруҳи зиёиёни ӯзбекистонӣ пешниҳод карданд, ки ба забони русӣ дар ин кишвар мақоми расмӣ дода шавад.

Намояндагони ҳаракати мазкур мегӯянд, бо пешниҳодҳои худ касеро маҷбур карданӣ нестанд, ки маҳз забони ӯзбекиро омӯзанд.

"Омӯзиши шарҳо дар шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳо ва назари сокинон нишон дод, ки масъалаи одоби муошират ва суҳбат бо забони адабӣ, бахусус бо забони давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи забондонии сокинон, аз ҷумла ҷавонон яке аз мавзуъҳои доғи имрӯз аст. Рушди забони давлатӣ ҳамчун омили тақвиятдиҳандаи ваҳдати миллӣ бисёр муҳим аст. Ҳамзамон бояд ба ҳуқуқу фарҳанг ва анъанаҳои намояндагони миллатҳои дигаре бояд эҳтиром гузошт, ки дар Ӯзбекистон ба сар мебаранд", - омадааст дар изҳороти ҳаракат.

Ташаббускорони "Юксалиш" пешниҳод кардаанд, ки барои рушди забони ӯзбекӣ, консепсияи нав ва "харитаи роҳ"-и муфассал барои 5 соли оянда қабул карда шавад. Ҳамчунин ниҳоди миллие таъсис ёбад, ки масъули иҷрои сиёсати ягонаи давлатӣ дар бахши рушди забони ӯзбекӣ бошад. "Барои ҷорӣ кардани шеваҳои созанда бояд аз таҷрибаҳои байналмилалӣ кор гирифта, омӯзиши имлои забони ӯзбекиро ҳамасола ба роҳ монд", - афзудаанд намояндагони ҳаракат.

XS
SM
MD
LG