Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон мушкилии дастрасӣ ба интернет ҳанӯз идома дорад (видео)


Почему в Таджикистане почти не работает интернет
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:32 0:00

Сокинони Тоҷикистон аз якбора коҳиш ёфтани суръати интернет шикоят доранд. Суръат баъди он коҳиш ёфт, ки президент қарори Хадамоти зиддиинҳисориро дар бораи гароншавии арзиши интернет бекор кард.

Ҳамчунин дар Тоҷикистон ҳафтаи дувум аст, ки дастрасӣ ба шабакаҳои маъруфи иҷтимоӣ, паёмрасонҳо, хадамоти Google, YouTube ва даҳҳо сомонаи дигар маҳдуд аст.

Сокинони Тоҷикистон ба маҳдудшавии мунтазами дастрасӣ ба сомонаҳо одат кардаанд. Маҳдудсозии муваққатӣ тақрибан ҳар моҳ сурат мегирад. Бархе аз сомонаҳо - асосан сомонаи мустақили хабарӣ - бештар аз ним сол аст, ки дастнорас ҳастанд. Ба далели паст будани суръати интернет хадамоти VPN-ҳо низ дастнорас шудаанд.

Дар хадамоти алоқа аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд. Дар хадамот танҳо гуфтанд, ки сомонаҳоро мақомот намебанданд - балки ба далели ҳамлаи доимии ҳакерӣ ба Маркази ягонаи коммутатсионӣ сомонаҳо дастнорас шудаанд. Вале коршиносон бовар доранд, ки сомонаҳоро мақомот масдуд мекунанд.

Арлем Дизер, намояндаи САҲА дар умури расонаҳо ахиран аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки дастрасии сокинонро ба сомонаҳо таъмин кунанд. Озодии баён ва озодии иттилоъ бидуни озодии интернет номумкин аст, гуфт Дизер.

XS
SM
MD
LG