Ссылки доступа

Чиптаҳои қалбакӣ даҳҳо мусофирро сарсон кард (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Чиптаҳои қалбакӣ даҳҳо мусофирро сарсон кард. Аз ҳафт рӯз ба ин тараф ҳудуди 80 нафар натавонистанд аз Тоҷикистон ба кишварҳои гуногун сафар кунанд. Ин афрод сабабашро ба "чиптаҳои қалбакӣ" рабт медиҳанд. Ҳоло онҳо мунтазири баррасии масъала аз сӯи мақомот мебошанд. Чиптаҳои худро ин мусофирон аз як дӯкони воқеъ дар мавзеи маъруф бо "Баҳори сабз" (маҳали наздик ба бозори пешини "Шоҳмансур") гирифтаанд. (видео)

- Мубоҳисаҳои телевизионӣ. Чи гуна анҷом мешаванд? Вазири иттилоот ва рушди ҷомеаи Қазоқистон Даврон Абаев гуфт, ки номзадҳои интихоботи президентӣ мубоҳисаи телевизионӣ анҷом медиҳанд (видео)

- "Облава" дар Фархор. Волидони як ҷавон аз ноҳияи Фархор иддао доранд, ки мақомот 10 май писари гӯё бемори онҳоро маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд ва эҳтимол ӯ ба артиш фиристода шавад. Муҳаммад Сафаров 21-сола аст ва, ба гуфтаи наздикон, лакнати забон дорад ва дуруст гап зада наметавонад. Мақомот шарҳ намедиҳанд.(видео)

- "Агар дар идораҳои давлатӣ "шинос" надорӣ, корат буд намешавад". Бархе аз сокинони Душанбе доштани "шинос" ё хешу табор дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро зарур меҳисобанд, чун мегӯянд, "бо ёрии онҳо метавон бисёр мушкилҳоро ҳал кард" (видео)

- Муроҷиати муҳоҷир: "Ҷонатонро дар хатар нагузоред". Яке аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия видеои як бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар Маскавро фиристод, ки ба гуфтаи ӯ бесифат сохта шудааст ва ба ҷони сокинону биносозон хатар эҷод мекунад (видео)

- Осиё: ба назди додситони кул. Сокинони норозии Қазоқистон аз ҳукми додгоҳҳо дар назди Додситонии кулли ин кишвар ҷамъ шуданд. Масъулони додситонӣ онҳоро ба дохил роҳ доданд, вале худи додситони кул ба наздашон набаромад. Раиси Кумитаи амнияти Қирғизистон истеъфо дод. Ӯ ба фасодкорӣ гумонбар аст. (видеои Настоящее время)

- Чи гуна мақоми забони русӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ тағйир ёфт. (харита)

- Дар Алабама сиқти ҳамл манъ шуд. Сенати иёлати Алабамаи Амрико қонунеро ба тасвиб расонд, ки исқоти ҳамлро манъ мекунад. (видеои Настоящее время)

- Осиё 360: зиндагии лӯлиҳои Осиёи Марказӣ (видео)​

- Осебпазирии WhatsApp-ро пайдо карданд. Аз корбарон даъват шуд, ки паёмрасонро барӯз кунанд (видео аз Директ)

- Сирри қудрат. Мира Ҷангарачева: Ҳама бояд бираванд, вале касе намехоҳад.Муовини пешини сарвазир, собиқ вакили порлумон ва фаъоли маданӣ Мира Ҷангарачева дар барномаи навбатии "Сирри қудрат" гуфт, ки чи гуна ба Акаев $300-ҳазорӣ мебурданд ва чаро президенти пешин Алмосбек Отамбоев вазъро бадтар кард (видео)

- Оё дар Қазоқистон воқеан ҳам мухолифон ҳастанд? Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии "Ақиқат", ки интихоботи президентии Қазоқистонро таҳрим кард, мегӯяд, раванди раъйдиҳиро назорат мекунад. Ин ҳизб худро мухолиф меномад, ки на ҳама ба он бовар доранд (видео)

- Сарвазири Арманистон савори дучарха шаҳрро давр мезанад, пушти сари вай муҳофизон ҳаракат мекунанд (видеои Настоящее время)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG