Занҳо гулҳои канори роҳеро обёрӣ мекарданд, ки қарор буд, аз он корвони мошинҳои президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гузарад.
Дар Шуъбаи пулиси Асака гуфтанд, ки ронандаи гумонбар дар пахши занҳо аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст ва дар ҳоли ҳозир, ӯро ҳадафи пайгарди қонунӣ қарор додаанд.
Президенти Ӯзбекистон 16 май вориди вилояти Андиҷон шуд. Шуъбаи сабзу ободгардонии ноҳияи Асака субҳи дирӯз кормандони худро ба кӯчаҳо бароварда буд, то роҳҳоро тоза карда, гулҳоро обёрӣ кунанд.
Як сокини деҳаи "Дастурхончӣ"-и ноҳияи Асака ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, занони ҳалокшуда -- Омадхон, Фазилатхон и Барчин иҷборан ба ҳашар сафарбар шуда буданд.
Як масъули Шуъбаи сабзу ободгардонии ноҳияи Асака гуфт, заноне, ки зери чархи мошин ҷон доданд, корманди доимии онҳо набуданд.