Ссылки доступа

Чаҳор ӯзбекистонӣ дар як садама дар Қазоқистон маҷруҳ шуданд


Чаҳор ӯзбекистонӣ дар як садама рӯзи 18 май дар километри 82-уми роҳи "Бейнеу - Тажен", дар ҷанубу ғарби Қазоқистон маҷруҳ шуданд.

Дар пайи ин ҳодиса як шаҳрванди Туркия кушта ва маҷруҳони дигар дар бемористони ноҳияи Бейнеу бистарӣ шуданд.

Аширов Бобомурод, шаҳрванди 28-солаи Ӯзбекистон то кунун дар бемористони мазкур бистарӣ аст. Маҷруҳони дигар аз бемористон рухсат ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG