Ссылки доступа

Қирғизистону Ӯзбекистон бо ҳадафи пешгирӣ аз низоъҳои марзӣ гуруҳҳои махсус таъсис медиҳанд


Мақомоти марзбонии Қирғизистону Ӯзбекистон тасмим доранд, гуруҳҳои фаврии муштараке барои ҳалли мушкилоти марзӣ таъсис диҳанд. Ин гуруҳҳо қарор аст, аз низоъҳо ва баҳсҳои марзӣ пешгирӣ кунанд.

Ба иттилои мақомоти марзбонии Қирғизистон, дар Намангони Ӯзбекистон мулоқоти мақомоти ду кишвар баргузор шудааст. Онҳо вазъи марз ва хатарҳои эҳтимолиро баррасӣ кардаанд. Соли 2018 чунин вохӯриҳо 21 дарсад афзуда, назорати муштарак ҳам 20 дарсад боло рафтааст. Шумори марзшиканӣ аз ду ҷониб дар соли гузашта "бамаротиб" кам шудааст, хабар медиҳанд мақомоти Қирғизистон.

Пештар аз ин мақомоти марзбонии Қирғизистон гуфтанд, ки дар соли 2018 дар марзҳои ин кишвар 11 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 7 ҳодиса, дар марзи ин кишвар бо Ӯзбекистон 4 ҳодиса сар задааст.

XS
SM
MD
LG