Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ аз президенти Олмон хостанд, ба Мирзиёев фишор орад


Созмони ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) аз президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер даъват кард, ки ба ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев фишор биорад, то раванди демократиро дар Ӯзбекистон тавсеа ва суръат бахшад.

Франк-Валтер Штайнмайер дар доираи як сафари расмӣ 27 май вориди Ӯзбекистон шуд. Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Ӯзбекистон, ин сафар то 29 май идома хоҳад ёфт.

Раҳбарони Олмону Ӯзбекистон дар ҷараёни сафари мазкур рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахши сиёсӣ, сармоягузорӣ, тиҷорӣ-иқтисодӣ, моливу техникӣ ва фарҳангиву инсондӯстӣ, ҳамчунин муносибатҳои Тошканд бо Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ хоҳанд кард.

Президенти Олмон аз вилояти Хоразм дидан ва бо донишҷӯёну профессорони донишгоҳи давлатии Ургенч мулоқот карда, бо ёдгориҳои меъмориву таърихии Хива шинос хоҳад шуд. Қарор аст, ҷонибҳо дар поёни сафар як қатор санадҳои нави ҳамкориро ба имзо расонанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯяд, ҳукумати Ӯзбекистон бо вуҷуди баъзе аз пешрафтҳояш ҳанӯз ҳам ба монанди пешин худкома аст. Салоҳиятҳои хадамоти амниятӣ дар ин кишвар густарда буда, то ҳол сокинон аз боздошту шиканҷа ва муносибатҳои ғайриинсонӣ шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG