Ссылки доступа

Фаъолон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, таҳрими пахтаи Ӯзбекистонро бекор накунанд


Гуруҳе аз ҳомиёни ҳуқуқи Ӯзбекистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, ки феълан таҳрими пахтаи ӯзбекиро бекор накунанд.

Дар сомонаи Маъмурияти назорати ҳуқуқ ба меҳнат дар Осиёи Марказӣ муроҷиати фаъолон нашр шудааст. Ин маъмурият давоми чандин сол масъалаи меҳнати маҷбуриро дар пахтазорҳои Ӯзбекистон омӯхтааст.

"Мо мушоҳида кардем, ки нақбканон, кормандони соҳаи барқ, кормандони корхонаи кимиё, кормандони милиса, низомиҳо, соҳибкорон, кормандони соҳаи нафту газ, бахши бонкӣ ба ноҳияҳои дурдаст бурда шуда, то 15 ноябри соли 2018 пахта чиндаанд", - омадааст дар муроҷиати фаъолон.

Фаъолон гуфтаанд, ки таҳрими пахтаи Ӯзбекистон бояд то замоне нигаҳ дошта шавад, ки ин кишвар меҳнати маҷбуриро комилан аз байн набарад. Моҳи апрел Созмони ҷаҳонии меҳнат хабар дод, ки дар соли 2018 дар Ӯзбекистон наздики 170 000 одам иҷборан ба пахтачинӣ сафарбар шудаанд.

25 март ИМА таҳрими пахтаи ӯзбекиро бекор крад.

Эътилофи байналхалқии ширкатҳои пахтаи Cotton Campaign соли 2010 бо ҳадафи таҳрими Ӯзбекистон таъсис шуда буд. Эътилоф гуфт, дар Ӯзбекистон кӯдакону калонсолон ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб мешаванд. Тамғаҳои маъруфи тиҷоратие амсоли Nike, Zara, GAP, Levi's, H & M, UNIQLO ва ғайраҳо ба ин маърака ҳамроҳ шуда буданд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ муовини сарвазири Ӯзбекистон Танзила Норбоева дар ҷараёни сафараш ба ИМА бо намояндагони созмонҳои байналхалқӣ гуфтугӯ карда, аз онҳо хост, ки таҳрими пахтаи ӯзбекиро бекор кунанд.

XS
SM
MD
LG