Ссылки доступа

Дипломатҳои Куриёи Шимолӣ барои гуфтугӯи ноком бо Трамп эъдом шуданд


Ҳукумати Куриёи Шимолӣ моҳи март, пас аз мулоқоти нокоми раҳбари ин кишвар Ким Чен Ин бо президенти ИМА Доналд Трамп собиқ фиристодаи махсуси худ дар умури ҳастаӣ ва чаҳор корманди Вазорати хориҷиро эъдом кардааст.

Дар ин бора хабаргузории Bloomberg бо истинод ба расонаҳои Куриёи Шимолӣ иттилоъ дод. Фиристодаи махсуси Куриёи Шимолӣ дар умури ҳастаӣ дар ИМА Ким Хек Чхол пас аз он эъдом шуд, ки зиддаш бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Вашингтон айб эълом карданд.

Ҳамчунин мушовири калони президенти Куриёи Шимолӣ Ким Ён Чхол ба корҳои вазнин ҷалб шудааст.

Моҳи феврали соли равон дар шаҳри Ҳаной мулоқоти дувуми раҳбарони Куриёи Шимолӣ ва ИМА баргузор ва дар он қатъи пураи барномаҳои ҳастаии Пхенян дар ивази лағви таҳримҳо баррасӣ шуд. Вале мулоқот ноком ва бидуни нашри изҳороти муштарак ба поён расид.

Раҳбари Куриёи Шимолӣ 11 апрели соли равон гуфт, онҳоеро ҳадафи мушак қарор хоҳад дод, ки зидди кишвараш таҳрим эълом мекунанд.

Вале Трамп бо вуҷуди мулоқоти нокоми Ҳаной исрор меварзад, ки бо Ким Чен Ин шахсан робитаи хуб дорад. Ба бовари ӯ, раҳбарони ду кишвар метавонанд ба созиш бирасанд.

XS
SM
MD
LG