Ссылки доступа

HRW мақомоти Қазоқистонро ба шаффофият ва раҳоии зиндониёни сиёсӣ даъват кард


Интихоботи президентии рӯзи 9 июн "аз эҳтимол дур аст, ки аз интихоботҳои қаблӣ фарқ дошта бошад. Интихоботҳое, ки аз сӯи нозирони мустақил ноозод ва ноодилона баҳо дода шуда буданд", бовар дорад созмони Human Rights Watch.

Дар изҳороте, ки 5 июн таҳти номи "Интихоботи Қазоқистон ва интиқоле, ки вуҷуд надорад" аз номи муҳаққиқи созмони Human Rights Watch (HRW) Мира Риттман нашр шуд, омадааст, ҳукумати Қазоқистон мисли пешин худкома боқӣ мондааст.

Солҳои охир мақомоти Қазоқистон зидди фаъолон, ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон, вакилони мудофеъ ва дигарон аз парвандаҳои ҷиноӣ кор гирифта, талош кардаанд, ки онҳоро хомӯш созанд, навиштааст Риттман.

Мира Риттман мегӯяд, бо назардошти пуштибонии мақомоти қудратӣ аз Қосимҷомарт Тоқаев аз эҳтимол дур аст, ки интихоботи президентии кунунӣ аз интихоботҳои гузашта фарқе дошта бошад. "Аммо мероси Назарбоев - таъқиб, ҳабси мунтақидон, таҳдиди дигарандешон ва таҳаммул накардани озодии матбуот - бояд дар Қазоқистони оянда ҷо надошта бошад", - мегӯяд Риттман.

Интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қазоқистон якшанбеи оянда баргузор мешавад. Дар ин интихобот ҳафт довталаб иштирок мекунад.

XS
SM
MD
LG