Ссылки доступа

Трамп омодааст, барои шикасти рақибонаш аз "кумак"-и Русия истифода кунад


Президенти ИМА Доналд Трамп зидди рақибони сиёсӣ истифода бурдани маводеро, ки Русия ё кишвари хориҷии дигар пешниҳод мекунад, кори нодуруст намешуморад.

"Ин дахолат ба равандҳои сиёсии мо нест. Дар муборизаҳои сиёсӣ он як равиши одӣ аст. Агар ба ман чунин маводе пешниҳод кунанд, ба Бюрои федеролии тафтишотӣ замоне муроҷиат хоҳам кард, ки бифаҳмам, маро фиреб доданианд", - гуфт Трамп дар суҳбат бо телевизиони ABC News.

Ба навиштаи The New York Times, дидгоҳи Трамп бо мавқеи демократҳо ва раҳбари Бюрои федеролии тафтишотии ИМА (БФТ) Кристофер Рэй дар ин замина мухолиф аст. Рей ба сиёсатмадорони амрикоӣ тавсия медиҳад, ки дар ҳодисаҳои ҳамсон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунанд. Вале Трамп гуфт, дар ҳаёташ боре ба БФТ муроҷиат накардааст. "Дар шаъни ман нест. Агар ба шумо як нафар пешниҳоде мекунад, ки бар зараратон аст, метавонед ӯро пеш кунед. Барои чӣ бояд ба бюро занг зад? Ин гуна зистан нодуруст аст", - гуфт президенти ИМА. Трамп пас аз шунидани назари мухолифи Рей афзуд, "раҳбари БФТ ноҳақ аст".

Пештар писари президенти ИМА ба суоли конгрессменҳо дар бораи мулоқоташ бо ҳуқуқшиноси рус Наталия Веселнитская дар давраи интихоботи президентии соли 2016 посух дод. Веселнитская гӯиё он замон гуфтааст, ки зидди номзади демократҳо Ҳилларӣ Клинтон мавод дорад ва онро дар ихтиёри тими Трамп хоҳад гузошт. Вале дертар маълум шуд, ки ӯ ҳеч гуна маводе наметавонист дошта бошад.

Додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер низ дар натиҷаи санҷиши дусолаи худ ба хулосае расид, ки Русия дар интихоботи президентии соли 2016 ба нафъи ситоди Трамп дахолат карда, вале ҷонибҳо дар ин замина созише надоштанд.

XS
SM
MD
LG