Ссылки доступа

Муфтии Бухоро фармони буридани тутеро содир кард, ки ба зиёратгоҳ табдил шуда буд


Рӯзи 9 июн тути хушкшудаи оромгоҳи Баҳоуддини Нақшбандро дар ноҳияи Кагони вилояти Бухоро буриданд, ки қариб 700 сол умр дошт. Намояндаи оромгоҳ гуфт, қисме аз тути хушкшуда ба осорхона тақдим шудааст.

Гуфта мешавад, тути хушкшуда бо фатвои раиси Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон, муфти Усмонхон Олимов бурида шудааст. "Саҷда кардан ба чубу санг нишони ширк аст", - гуфтааст муфтӣ.

Усмонхон Олимов дар муроҷиаташ ба имом-хатиби вилояти Бухоро Ҷобир Элов гуфтааст, "тасмими буридани дарахти қадимии ҳудуди оромгоҳ дар якҷоягӣ бо мақомоти масуъли Бухоро гирифта шудааст".

Муфтии Ӯзбекистон аз имом-хатиби вилояти Бухоро хостааст, ки дарахти хушкшударо бибуранд, зеро одамони зиёде аз кишварҳои мухталиф гирди дарахт чарх зада, аз вай мурод меҷӯянд. Кормандони оромгоҳи Нақшбанд гуфтанд, дарахтро рӯзи 9 июн буриданд.

Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба буридани дарахт назари манфӣ баён карданд. Корбарон гуфтанд, набояд осори таърихӣ маҳв карда шавад.

Баҳоуддини Нақшбандӣ - асосгузори равияи Нақшбандияи суфӣ аст. Вай соли 1389 вафот кардааст.

XS
SM
MD
LG