Ссылки доступа

Рӯзноманигори The Guardian Ҷоанна Лилис дар Ӯзбекистон иҷозаи кор пайдо кард


Ҷоанна Лилис, рӯзноманигори бритониёӣ дар Ӯзбекистон иҷозаи кор пайдо кард. Дар ин бора вай дар саҳифаи Твиттер рӯзи 8 июл хабар дод.

Ҷоанна Лилис барои нашрияҳое амсоли The Economist, The Guardian ва Eurasianet мақола менависад. 14 соли охир вай дар Қазоқистон фаъолият дошт. Моҳи ноябри соли 2018 хонум Лилис китоби "Сояҳои торик: асрори паси пардаи сиёсати Қазоқистон"-ро рӯнамоӣ кард.

Ҷоанна Лилис ягона хабарнигори хориҷӣ аст, ки дар Ӯзбекистон сабти ном шуд. 4 июни соли ҷорӣ Авазбек Тоҳиров ба ҳайси хабарнигори Би-би-сӣ дар Ӯзбекистон аз вазорати корҳои хориҷии он кишвар иҷозаи кор гирифт.

Як сол пеш хабарнигори "Садои Амрико" Навбаҳор Имомова ҳам сабти ном шуд. Моҳи апрели имсол хабарнигори сомонаи "Фарғона" Андрей Кудряшов ҳам иҷозаи кор пайдо кард.

XS
SM
MD
LG