Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, танҳо ронандаҳои қирғизистонӣ ба кор набаромадаанд. Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистону Ӯзбекистон тибқи маъмул кор кардаанд.
Гулбарчин Байимбетова, сухангӯи сафорати Қирғизистон дар Русия гуфт, ки сафир талабҳои қирғизистониҳоро шунидааст. Ба гуфтаи вай, консули Қирғизистон дар Екатеринбург барои ҳалли ин масъала дастур гирифтааст.