Ссылки доступа

Дар наздикии Тошканд пеш аз сафари президент ҷевон ва техникаи маишии соҳибкоронро ба боғча бурданд


Соҳибкорони шаҳри Алмалики Ӯзбекистон ба мақомоти маорифи вилояти Тошканд шикоят бурданд. Соҳибкорон мегӯянд, ин раёсат пеш аз сафари президент ба шаҳри мазкур ҷевон ва дигар техникаи маишии фурӯшии онҳоро ба боғчае бурда, маблағро пардохт накардааст.

Як соҳибкор мегӯяд, қимати маҷмуи ҷевонҳо ва техникаи маишӣ ба наздики 9 ҳазор доллари ИМА мерасад.

"Дар остонаи сафари президент ба шаҳр мо ҷевон ва техникаи маиширо ба раёсати маориф қарз додем. Раёсати маориф ваъда кард, ки маблағро пардохт мекунад. Вале як моҳ гузашт аз он ваъда, ҳанӯз қарз пардохт нашудааст. Онҳо моро фиреб доданд", - гуфт соҳибкор.

Як манбаъ аз раёсати маорифи вилояти Тошканд ин иттилоъро тасдиқ кард.

Сарфи назар аз ин ки президенти Ӯзбекистон намоишкориҳои мақомоти кишварашро борҳо танқид кардааст, вале ҳанӯз ҳам дар вилоятҳо ва ноҳияҳои Ӯзбекистон чунин фиребкориҳо идома доранд.

XS
SM
MD
LG