Ссылки доступа

Роҳбари зиндонии ҳизби "Ота Макон"-и Қирғизистон ҷарроҳӣ мешавад


Омурбек Текебоев, роҳбари зиндонии ҳизби "Ота Макон"-и Қирғизистон ба ҷарроҳӣ омода мешавад. Дар ин бора Собирбек Ҷумабеков, мудири бемористони пажуҳишии шаҳри Бишкек хабар дод.

"Текебоев дар гузашта сутунмуҳраашро ҷарроҳӣ кардааст. Ҳоло дар сутунмуҳраи вай ду "грижа"-и нав пайдо шудааст. Мо мехостем, ҷарроҳӣ кунем, вале қалбаш мушкил дорад. Ҳоло қалбшиносон табобат доранд. Баъди ташхис ҷарроҳӣ карда мешавад", - гуфт Ҷумабеков.

Раиси Ҳизби "Ота Макон", вакили порлумони Қирғизистон Омурбек Текебоев ва ҳамҳизби ӯ - сафири пешини ин кишвар дар Куриёи Ҷанубӣ Дуйшенқул Чотонов моҳи феврали соли 2017 боздошт шуданд.

Текебоев дар асоси баёноти шаҳрвандони Русия Алексей Модин ва Леонид Маевский боздошт гашт, ки гуфтанд, ба ӯ барои кумак дар харидории саҳмияҳои ширкати қирғизии "Мегаком" 1 миллион доллар доданд. Вале худи Текебоев парвандаро сиёсӣ меномад.

XS
SM
MD
LG