Ссылки доступа

Дар Айнӣ корхонаи нави коркарди тило бо сармояҳои чинӣ роҳандозӣ мешавад


Дар наздиктарин фурсат дар ноҳияи Айнӣ корхонаи коркарди тило ба кор шуруъ мекунад. Ширкати «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ», ки 70 дарсади саҳмияҳояш моли Чин аст, масъули ин тарҳ мебошад. Мақомоти Тоҷикистон аз тарҳ ҳимоят мекунанд, вале экологҳо аз паёмадҳо барои табиат ҳушдор медиҳанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар корхонае, ки дар наздикии маҳалли конҳои тилои “Кумарғи боло” ва “Дуобаи шарқӣ” дар ноҳияи Айнӣ бунёд мешавад, садҳо мутахассис ҷойи корӣ хоҳанд ёфт. Ширкатҳои чинӣ тайи солҳои охир ба таври густарда ба соҳаи саноати истихроҷ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карда муҷаввизи маъданҳои гаронбаҳо, аз ҷумла тилоро яке пайи дигар ба даст меоранд.

Коршинос эътироф мекунад, ки Чин зарфиятҳои бузург ва таҷрибаи муносиб дар бахши маъданҳои кӯҳӣ дорад, вале ҷалби сармоя дар ивази дастрасӣ ба захираҳо ва ҳам паёмадҳои экологии бунёди коргоҳҳои металлургӣ дар кишвар дар оянда хатарҳоро ба дунбол дорад.

Миралӣ Ташрифов, сардори шӯъбаи назорати геологии саридораи геологияи Тоҷикистон, рӯзи 17-уми июл гуфт, сохтмони ин корхона дар зудтарин фурсат анҷом ёфта ба тавлиди маҳсулот шуруъ мекунад. Ҳарчанд мақомот ҳазинаи бунёди ин корхонаро шарҳ намедиҳанд, аммо сохтмони онро дар канори майдонҳои тило аз лиҳози иқтисодӣ муфид медонанд.

«Одатан фабрикаҳои бойгардонию корхонаҳои металгудозиро дар канори конҳо месозанд. Чун марҳилаҳои истихроҷ зиёд аст, бунёди фабрикаҳо бояд наздик ба майдонҳои омӯзиши маъдан бошад. Барои мисол тилоро аз куҳ мекананд, баъдан бо техналогия онро коркард ва ҷудо мекунанд, то замони холисгардонӣ ва пробаи он корҳои зиёде анҷом дода мешавад».

Ширкати «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» ба ин конҳо дар бадали бунёди МБГ “Душанбе-2”, ки арзиши он 330 миллион доллар мебошад, даст ёфт. Бар асоси қарордод, тило то замоне истихроҷ мешавад, ки маблағҳои масрафшуда барқарор нашаванд. Захираи умумии тило дар ин ду кон 52 тоннаро ташкил медиҳад. Ширкати чинии ТВЕА дар ноҳияи Айнӣ барои ҷалби ду ҳазор шаҳрванди Чин иҷозати расмӣ дорад.

Сохтмони корхонаи коркарди тило дар ноҳияи Айнӣ аз сӯи ширкати «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» дар ҳолест, ки дар бештари ҳолатҳо ширкатҳои хориҷӣ ашёи хомро аз ин ҷо мебаранд ва маҳсулотро дар берун аз Тоҷикистон омода мекунанд.

Бо ҳадафи аз байн бурдани ин падида ва рушди саноати Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2015 президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба порлумон изҳор карда буд, ки иҷозатнома барои истихроҷи конҳои металлҳои рангаро танҳо ширкатҳое ба даст меоваранд, ки омодаанд маҳсулоти ниҳоиро дар дохили кишвар истеҳсол кунанд. Аммо Миралӣ Ташрифов мегӯяд, ҳанӯз дақиқ нест, ки чанд дарсади маҳсулот дар ин корхона баъди истихроҷу коркард дар дохили кишвар боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG