Ссылки доступа

Шикояти ҳамсари Ҳайит ба омбудсмен аз "шиканҷаи" шавҳараш


Маҳмадалӣ Ҳайит

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз Додситонии кул хостааст то хабарҳо дар бораи шиканҷаи Маҳмадалӣ Ҳайит, собиқ муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломиро тафтиш кунад.

Масъулини идораи Омбудсмен мегӯянд, дар пайи шикояти ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит чунин дархостро унвонии Додситонии кул равон кардаанд. Ҳайит ба ҳабси абад маҳкум шудааст ва мақомоти ҳамеша шиканҷа шудани ӯро рад кардаанд.

Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рӯзи 18-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар пайи шикояти ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит ва ташкилоти ҷамъиятии "Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният", аз додситонӣ тақозо карданд, то хабари шиканҷаи Ҳайитро бисанҷанд.

Ба гуфтаи Умед Бобозода, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит аз он шикоят дорад, ки шавҳараш дар тавқифгоҳи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Ҷаноби Бобозода гуфт, дархости онҳо дар бораи таҳқиқи хабари шиканҷаи Маҳмадалӣ Ҳайит дар баррасии додситонӣ аст ва онҳо интизори "ҷавоби мушаххас" ҳастанд.

Шикояти Савринисо Ҷӯраева аз шиканҷаи шавҳараш Маҳмадалӣ Ҳайит қаблан ба матбуот низ роҳ ёфта буд. Ӯ қаблан гуфта буд, шавҳараш дар зиндон шиканҷа ва дар шароити вазнин нигоҳдорӣ мешавад. Ба гуфтаи хонум Ҷӯраева, нозирони зиндон бо шиканҷаи Маҳмадалӣ Ҳайит аз ӯ мехоҳанд, то алайҳи ҳамҳизбиёни собиқаш гувоҳии телевизионӣ бидиҳад.

Хонум Ҷӯраева моҳи март дар мактуби худ ба додситонии кул аз қавли Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини аввали раиси идораи зиндонҳо Нуриддин Раҳмоновро ба шиканҷаи худ айбдор карда буд. "Вақте пурсон шудем, ки кӣ шиканҷа мекунад, қайд кард, ки махсусан муовини аввал Нуриддин Раҳмонов ӯро азобу шиканҷа мекунад. Инчунин ба маълумоти Шумо мерасонам, ки сараш кафидагӣ буд ва ӯ худаш қайд кард, ки аъзои баданаш низ сиёҳу кабуд шудаанд", - навишта буд ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит.

Иззатулло Шарифов, собиқ сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли гузашта барканор шуда буд, тасдиқ кард, ки муовини аввалаш Нуриддин Раҳмонов буд.

Савринисо Ҷӯраева рӯзи 18-уми июл гуфт, бо гузашти панҷ моҳ аз шикояташ, танҳо аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ посух гирифтааст. Ба гуфтаи хонум Ҷӯраева, "сарраёсат посух дод, ки гуфтаҳои Шумо асос надорад. Мо ҳамаша дида баромадем, хабари шиканҷа асос надорад".

Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит мегӯяд, аз моҳи март ба ин тараф ҳамсарашро надидааст ва баъди вохӯрии ахир дар он моҳ дигар аз аҳволи ӯ хабар надорад. Аз рӯи муқаррарот, ҳамсари Маҳмадлӣ Ҳайит ҳақ дорад танҳо дар шаш моҳ якбор ӯро бубинад.

Дар ҳамин ҳол, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, дар шаш моҳи аввали соли равон дар қатори шикояти Савринисо Ҷӯраева, инчунин се шикояти дигар дар робита ба шиканҷа дастрас кардаанд. Ба қавли Ваколат як қисми ин шикоятҳо тасдиқ нашуд.

Маҳмадалӣ Ҳайит, соли 2015 дар пайи ошӯби нокоми Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ боздошт ва чанд моҳ баъд ба ҳабси абад маҳкум шуд. Маҳмадалӣ Ҳайит дар қатори Сайидумар Ҳусайнӣ моҳи апрели соли 2016 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуд. Дар қатори онҳо, даҳ узви раёсати дигари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Аксари онҳо бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ, барангехтани адовати милливу нажодиву мазҳабӣ, қатлу терорризм, талош барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ, нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ ва ошӯби мусаллаҳона гунаҳкор дониста шудаанд, ҳарчанд додситонӣ далелҳои возеҳе дар ин замина ба ҷомеа нишон надодаст. Додситонӣ мегӯяд, аъзои раёсати ҳизб дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон даст дорад. Аммо ин ҳизб ҳамвора ин иттиҳомотро радд кардааст.

Қазияи Маҳмадалӣ Ҳайит аз ҷумлаи парвандаҳоест, ки Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид аз мақомоти тоҷик хостанд ӯро озод кунанд. Аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, маҳбусони, ба гуфтаи мухолифин - сиёсии тоҷик, аз зиндон озод нахоҳанд шуд.

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 16-уми июл зимни нишасти хабарӣ ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи ин, ки оё парвандаи Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Муҳаммадалӣ Ҳайит ва дигарон, тавре созмонҳои байналмилалӣ тақозо мекунанд, бозбинӣ мешавад?-гуфт ин афрод "ҷинояти махсусан вазнин содир кардаанд ва тибқи қонунгузорӣ, бояд муҷозот шаванд".

XS
SM
MD
LG