Аширалиева гуфт, иттилоъ дар бораи мушкили кадрҳо дар вазорат, ки дар нашрия ба табъ расида буд, сабаби шикоят гардид.
Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек дар робита ба ин шокият имрӯз ҷаласа баргузор кард. Додгоҳ қарор кард, ки кормандони нашрия иттилоъ ва акси чопшударо шарҳ диҳанд. Вазир ҳудуди як моҳ пеш ба додгоҳ шикоят бурда буд. Ҷунушалиев аз нашрия 5 млн сом (бештар аз 70 ҳазор доллар) ҷуброни зарари маънавӣ талаб дорад.
"Қонунгузорӣ талаб мекунад, ки муҳаррир дурустии иттилоъро санҷад. Мушкил 5 млн сом нест. Рӯзноманигорон бояд ахлоқро риоя кунанд, далелҳоро санҷанд", - гуфт Динора Аширалиева.
Нашрия даъвои мазкурро шарҳ намедиҳад.