Додситонии кулли ИМА рӯзи 19 июл хабар дод, ки Руслан Маратович Асаинови 42-сола давоми панҷ сол ба ҷонибдорӣ аз "ДИ" ҷангидааст. Баъдан вай дастгир шуда, ба Амрико интиқол ёфтааст. Мақомоти ИМА мегӯянд, вай дар соли 2013 аз Бруклини Амрико ба Туркия ва аз онҷо ба Сурия рафта, то соли 2018 ҷангидааст.
Асаинов дар Сурия ба ҳайси тирандоз (снайпер) ҷангида, баъдтар ҷангҷӯёни дигарро таълим додааст. Вай ҳамзамон дар ҷалби ҷангҷӯёни дигар ба сафи террористон айбдор мешавад.