Ссылки доступа

Ҳамҷинсгароёни Ӯзбекистон ба ҳазфи банди "Бачабозӣ" аз Кодекси ҷиноӣ даъват доранд


Фаъолон ва намояндагони ҷомеаи ҳамҷинсгароён дар Ӯзбекистон мегӯянд, пурзӯршавии ҳамҷинсгароситезӣ дар ин кишвар ба афзоиши ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон сабаб шуда, шароитро барои паҳншавии фасодкорӣ фароҳам месозад.

"Имрӯз ҷомеаи муҳофизакор ва ҳамҷинсгароситез бо нашри наворҳое дар Интернет чи гуна таҳқир ва латтукӯб шудани ҳамҷинсгароёнро ба намоиш мегузоранд. Ҳамчунин дар расонаҳо хабари боздошт ва ҳабс шудани баъзе аз афрод барои ҳамҷинсгароӣ нашр мешаванд. Мо мехоҳем, ин маълумотро ҷамъоварӣ карда, ба созмони ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch фиристем. Ҳадаф ҳазфи банди "Бачабозӣ" (ливотагарӣ) аз Кодекси ҷиноии кишвар аст", - омадааст дар изҳороти намояндагони ҷомеаи ҳамҷинсгароёни Ӯзбекистон.

Яке аз фаъолони мазкур гуфт, мехоҳанд, бо ин изҳорот таваҷҷуҳи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба мушкили худ ҷалб кунанд.

XS
SM
MD
LG