Ссылки доступа

Мушкили табдили санадҳои дохилӣ (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Осиё: низои нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз тирпаронӣ сурат гирифт: як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва аз ҳар ду ҷониб чандин кас захмӣ шуданд. Занони хашмгини қазоқ кӣ ҳастанд ва чаро ба рӯзноманигорон ҳамла мекунанд?(видеои Настоящее время)

- Бонки миллӣ: Додани сомонӣ ба ҷои рубл "пешгирӣ аз ҳаннотӣ" аст. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, камчинии рубл дар бонкҳо ва эҳтимоли авҷ гирифтани ҳаннотӣ дар бозори арз, онҳоро маҷбур мекунад пули интиқолии муҳоҷирон аз Русияро бо сомонӣ бидиҳанд. Ин мавқеи мақомот мавриди норизоияти муштариҳо шудааст (видео)

- Ҳукумат барои хариди саҳмияҳои "Сангтӯда-1" даҳ млн сомонӣ ҷудо кардааст (видео)

- Мушкили табдили санадҳои дохилӣ. Мақомот дар Тоҷикистон имкони тамдиди муҳлати гирифтани шиносномаро муҳокима доранд. Бо гузашти ҳудуди ду моҳ аз навбатпойи барои гирифтани шиносномаи нави пластикӣ сафи шаҳрвандон паси дари мизҳои шиносномадиҳӣ дар Тоҷикистон кам нашудааст (видео)

- Пас аз ҷанҷол. Ҳамлагарон аз рӯзноманигорони қазоқ узр хостанд, вале танқид ҳам карданд. (видео)

- Дар Ӯзбекистон як соҳибкор муовини раиси ноҳияро оташ зад. (видео)

- Шоҳиён гуфт, дархости шуморе аз аъзои "Гурӯҳи 24" рад шуд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 22-юми июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ки "шуморе аз аъзои Гурӯҳи 24 аз додгоҳ хостанд, ки қарори қаблии додгоҳ дар бораи экстремистӣ дониста шудани ин гурӯҳ, бекор карда шавад (видео)

- Ҳаёте, ки фарқро аз байн бурдааст. Сайёра аз қаъри кони Айнӣ ангишт мекашад. Шавҳараш фавтида, се фарзандро ба танҳоӣ ба воя мерасонад. Бо вуҷуди вазнинии рӯзгор, ҳамеша хандону кушодарӯй аст (видео)

- Дар Қирғизистон ҷаримаи қоидавайронкуниро дар роҳҳо кам карданд.(видео аз Директ)

- Кӣ сарвазири Украина мешавад? Номзадҳои эҳтимолӣ. (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG