Ссылки доступа

Президенти пешини Қирғизистон мулоқоти ахирашро бо Путин шарҳ дод


Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон рӯзи 24 июл дар шаҳри Москваи Русия бо президенти он кишвар Владимир Путин мулоқот кард. Кундуз Жолдубоева, мушовири Отамбоев изҳороти ӯро нашр намуд.

"Ин фурсати хубе буд барои табодули андеша. Ман барои ташкили мулоқот изҳори сипос мекунам. Русия бори дигар собит кард, ки дӯст ва шарики стратегии Қирғизистон аст, аммо мушкилоти дохилиамонро мо худ ҳал мекунем", - гуфт Отамбоев баъд аз мулоқот бо Путин.

Ба гуфтаи Отамбоев, вай бо Путин дар бораи вазъи Қирғизистон, суботи сиёсӣ ва масоили дигар суҳбат кардааст.

"Мо ҳам бар ин назарем, ки ин масир ду самта аст. Ҳукумати феълӣ бояд ба майдони қонунмеҳварӣ баргардад. Ҳукумат бояд ҳангоми баррасии парвандаҳо дар додгоҳ бетарафӣ намуда, мухолифонашро таъқиб насозад. Ҷонибдорони ман бояд имкон дошта бошанд, ки озодона ба интихобот омода шаванд. Владимир Путин тасмим дорад, дар ин бора бо Сооронбой Ҷеенбеков суҳбат кунад", - гуфт президенти пешини Қирғизистон.

Вай афзуд, "ба маҳзи мушоҳидаи ин иқдомҳо аз сӯи Ҷеенбеков, фаъолиятҳои мухолифон низ тағйир хоҳанд кард. Фишори сиёсӣ ҳам кам хоҳад шуд". Отамбоев бар ин назар аст, ки ҳукумати феълӣ бояд ба амалисозии лоиҳаҳои муҳими стратегӣ пардозад ва вай омода аст, ки дар ин самт кумак расонад.

"Танҳо он замон шаҳрвандон дарк мекунанд, ки президент Ҷеенбеков барои рушди кишвар кор мекунад ва мухолифон оромона ба интихоботҳои баъдӣ омода мешаванд, мардум ором мегирад ва устувории сиёсӣ барқарор мешавад. Тавре дар гирдиҳамоии 3 июл ваъда кардам, мо то моҳи сентябр аз ҳукумат иқдомҳои мушаххасро интизор хоҳем шуд", - омадааст дар изҳороти Отамбоев.

Ҳайате бо роҳбарии президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 24 июл аз пойгоҳи низомии Канти он кишвар ба Русия парвоз кард.

Дертар хадамоти матбуотии президенти Русия иттилоъ дод, ки Владимир Путин Отамбоевро ба ҳузур пазируфтааст. Путин гуфт, "Қирғизистон ба суботи сиёсӣ ниёз дорад ва ҳамаи шаҳрвандон бояд дар атрофи президенти феълӣ ҷамъ шуда, ба ӯ дар рушди кишвар кумак расонанд".

Вазорати умури дохилии Қирғизистон се бор Отамбоевро ба бозпурсӣ даъват кард. Вале ӯ ҳозир нашуд. Вакили дифои Отамбоев гуфт, даъвати шахси зери ҳимояаш ба бозпурсӣ ғайриқонунӣ аст, чун ӯ ҳанӯз ҳам аз унвони президенти пешин ва дахлнопазирӣ бархурдор аст.

Порлумони Қирғизистон 27 июни соли равон Отамбоевро аз унвони президенти пешин маҳрум кард.

XS
SM
MD
LG