Ссылки доступа

Дар Қазоқистон як шабакаи хариду фурӯши силоҳро кашф карданд


Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон аз "ифшо ва пешгирии гуруҳи ҷинояткор"-е хабар дод, ки дар шаҳрҳои Алмато, Чимкент ва Қизилорда ба хариду фурӯши ғайриқонунии силоҳ машғул буд.

Мақомоти Қазоқистон акси силоҳҳои мусодирашуда ва ду марди боздоштшударо нашр карданд.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфт, "фуруши ҳашт силоҳи Калашников ва ду тапонча ошкор шудааст". Мақомот ҳамчунин амалиёти боздошти аъзои дигари гуруҳро дар шаҳрҳои Алматову Чимкент роҳандозӣ кардаанд.

"Бархе аз онҳо тарафдорони гуруҳҳои харабкори мазҳабӣ буда, бо намояндагони гуруҳҳои ҷиноӣ робита доранд", - омадааст дар изҳороти мақомоти Қазоқистон.

Ин дар ҳолест, ки гуфта намешавад, гуруҳи мазкур силоҳро аз куҷо дастрас мекард.

XS
SM
MD
LG