Қарор аст баррасии ин парванда имрӯз, 29-уми июл оғоз шавад. Улуғхоҷаев бо моддаи "хиёнат ба ватан" айбдор мешавад ва парвандаи ӯ мақоми "махфӣ" гирифтааст.
Майрам Улуғхоҷаева, ҳамсари Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев рӯзи 29-уми июл гуфт, ки аз додгоҳ хоҳиш дорад, ки парвандаи шавҳарашро одилона ва мунсифона баррасӣ намояд.
"Рафтору муносибати Муҳаммадҷон ҳангоми фаъолият дар идораи давлатӣ содиқона буд ва аз рӯи виҷдон кор мекард. Ман аз додгоҳ умедворам, ки парванда одилона баррасӣ карда шавад",-афзуд Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев.
Қаблан аз Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфта буданд, ки парвандаи ҷиноии Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев "махфӣ" баррасӣ мешавад ва Ҳайати мушовараи ҳарбӣ онро муҳокима мекунад.
Парвандаи ҷиноии Муҳаммадҷон Улуғхоҷаевро дар моҳи апрели соли равон муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон ва Кумитаи амнияти миллӣ муштаракан мавриди таҳқиқ қарор дода буданд.
Улуғхоҷаев ба он айбдор мешавад, ки маълумоти марбут ба сирри давлатиро ба созмонҳои хориҷӣ додааст. Дар сурати исбот шудани ин иттиҳом, ба Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев аз 15 то 25 соли ҳабс таҳдид мекунад. Гуфта мешавад, ӯ рӯзи 10-уми апрел боздошт шуда буд.
Зебо Улуғхоҷаева, модари Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев гуфта буд, ки мақомот рӯзи 16-уми апрел манзили писарашро кофтукоб карданд. Ин дар ҳолест, ки мақомот аз боздошти Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сабабҳои он ва кофтукоби манзили ӯ расман хабаре нашр накарданд.
Модари Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев қаблан гуфта буд, ки барои писараш вакили дифоъ гирифтааст. "Ман ба бачам бовар дорам. Бовар дорам, ки ягон кор накардаст",-гуфта буд Зебо Улуғхоҷаева.
Дар ҳамин ҳол, ҳамкорони имрӯзаву собиқи Улуғхоҷаев мегӯянд, дар бораи фаъолияти кориву масъулиятшиносии ӯ танҳо назари нек доранд. Аз ҷумла, яке аз ҳамкорони ӯ гуфт, "магар осон аст, ки дар ин муддат то мартабаи подполковник баланд шавад? Хеле шахси бомасъулият аст, вале мо ҳам намедонед, ки дар асл чӣ гузашт".
Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, ба қавли ҳамкорони собиқаш, 36 сол дошта, риштаи физикаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар гузашта дар оҷонсии "Азия-Плюс" ва баъдан дар вазорати дифои Тоҷикистон ба ҳайси як корманди техникии дафтари матбуот кор кардааст.
Соли 2009 ба кор дар Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ гузашт. Ин ҷо низ корро аз наворбардориву иҷрои масъулиятҳои фаннӣ шурӯъ карда, баъдан дар соли 2014 масъулиятҳои сухангӯ ва иртибот бо матбуотро ба дӯш гирифт.