Ссылки доступа

"Нашри дороиҳои мансабдорон зарур нест, чун ҷомеа омода намебошад"


Масъулони Оҷонсии хизмати давлатӣ мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир нашри дороиҳои хизматчиёни давлатӣ зарур нест, чун ҷомеаи Тоҷикистон барои ин омода намебошад.

Ин дар ҳоле аст, ки ин масъала ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа буда, ҳам президент ва ҳам порлумон ба ошкор кардани дороиҳои мансабдорон таъкид кардаанд.

Ҷумъа Давлатзода, раиси Оҷонси хизмати давлатӣ, рӯзи 1-уми август зимни нишасти хабарӣ, дар посух ба ин пурсиши хабарнигорон, ки чаро дороиҳои Шаҳбоз Раҷабзода, раиси Терминали рақами 1-и Душанбе, оммавӣ нашуд, гуфт, "умуман зарурати нашри моликияти Раҷабзода нест".

Оқои Давлатзода зарур надонистани нашри дороиҳои Шаҳбоз Раҷабзода ва дигар хизматчиёни давлатиро ба он рабт дод, ки феълан ҷомеаи Тоҷикистон барои ин омода набуда, ҳар вақте ки ҷомеа омода шуд ва нашри эъломия боиси тафриқа дар ҷомеа нашуд, ҳатман ин масъаларо ба баррасӣ хоҳанд гирифт.

Ҷумъа Давлатзода дар посух ба саволе, ки аз омода набудани ҷомеа чиро дар назар дорад, гуфт, "ҳар вақте сатҳи тафаккур ва фаҳмиши ҷомеа ба сатҳи ҷомеаи ғарбӣ баробар шавад, мо ҳатман масъалагузорӣ мекунем".

Президенти Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон дар мулоқот бо намояндагони соҳаҳои бонку молия ва гумруку андоз Шаҳбоз Раҷабзодаро таҳти истинтоқи шадид қарор дод ва гуфт, ки ӯ давоми ҳамагӣ 1 солу 8 моҳ дар мақоми раҳбари яке аз нуқтаҳои гумрукии муҳими пойтахт кор карда, феълан соҳиби се хона ва як мошин аст.

Ҳамасола хизматчиёни давлатӣ эъломияи дороиҳои худро ба Оҷонсии хизмати давлатӣ пешниҳод мекунад. Ба гуфтаи Ҷумъа Давлатов, имсол 21 нафар аз хизматчиёни давлатӣ эъломияи дороиҳои худро пешниҳод накардаанд. Оқои Давлатов афзуд, се нафари онҳо аз вазифа озод шуда ва "таъсиррасонӣ ва ҷазои интизомӣ" дар нисбати боқимонандаҳо идома дорад.

Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир наздик ба 19 ҳазор хизматчии давлатӣ фаъолият доранд, ки ҳамасола бояд то моҳи апрел эъломияи дороиҳои худро пешниҳод кунанд. Бар пояи Қонуни хизмати давлатӣ, агар дар эъломияи дороиҳои хизматчиёни давлатӣ камтарин носаҳеҳие ёфт шавад, мансабдор аз вазифа барканор хоҳад шуд.

Аз ин қабл ҳам масъулони Оҷонсии хизмати давлатӣ гуфта буданд, ки маълумоти эъломияи мансабдорон дар бораи молу мулк ва даромадҳояшон ба истиснои ҳолатҳои алоҳида ошкор карда намешавад.

Эъломия аз даромад дар гузашта бештар аз хизматчиёни сохторҳои давлатӣ тақозо мешуд. Аммо президент Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар мулоқоташ бо кормандони системаи прокуратураи Тоҷикистон гуфт, мувофиқ ба қонунгузории Тоҷикистон дар баробари хизматчиёни давлатӣ ҳамакнун прокурорҳо ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи қонун бояд дар бораи даромад ва дороиҳои худ эъломия пешниҳод кунанд.

XS
SM
MD
LG