Ссылки доступа

"Агар камбағал мебуд, "говсуд" мекарданд" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Озодӣ Онлайн: "Агар камбағал мебуд, "говсуд" мекарданд". Имрӯз дар "Озодӣ Онлайн" дар бораи муносибат ба камбағалу бой дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунем ва ҳам дар бораи он ки чаро мақомот иҷоза намедиҳанд, ба фарзандатон номи хостаи худро гузоред. Ҳам мебинем, ки чӣ гуна муҳоҷирон пушти дари идораҳои муҳоҷирати Русия соатҳо мунтазир мешаванд. (видео)

- Осиё: афсарон бе ҷубронпулӣ. Беш аз 600 афсари қазоқ бехона ва бе ҷубронпулӣ монданд. Мақомоти Тоҷикистон аз эъломи дороиҳои мансабдорон худдорӣ мекунанд. Мегӯянд, ҷомеа ба ин омода нест. (видеои Настоящее время)

- Ихтиёриён ваъда медиҳанд, ки 150 зану кӯдакро аз Ироқу Сурия ба Қирғизистон бармегардонанд. (видео аз Директ)

- Дар Минск мулоқоти ғайрирасмии Мирзиёеву Лукашенко баргузор шуд. (видео)

- Баъди ҳодисаи Шаҳбоз, раёсати амнияти дохилии гумрукро барҳам доданд.Дар пайи қазияи Шаҳбоз Раҷабзода, сардори пешини Терминали рақами 1-и Душанбе, раёсати амнияти дохилии Хадамоти гумрук пурра барҳам дода шудааст. Ин ниҳод ба он муттаҳам аст, ки "хилофкорӣ"-ҳои Раҷабзодаро ошкор карда натавонист (видео)

- Дар Қирғизистон аз намоиши филме бахшида ба зодрӯзи Боқиев норозиянд. (видео аз Директ)

- Осиё: зиндонҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон. Панҷ корманди як маҳбаси Қазоқистон барои шиканҷаи зиндониҳо боздошт шуданд. Додгоҳи Қирғизистон ҳукми ҳабси якумрии Азимҷон Аскаровро бетағйир гузошт. Ҳомиёни ҳуқуқ пас аз ошӯб бори нахуст ба зиндони Ваҳдати Тоҷикистон роҳ ёфтанд. (видеои Настоящее время)

- Гуфтанд ба мо: Харҷ аз кисаи зан бувад, ҷоизаш ҳамин. Барои қадимиҳо мушаххас буд,ки мулоқот аввал бо ташаббуси кӣ сурат мегираду харҷи он ба гардани кист. Кунун гоҳҳо ҷуфтҳо ба ҳам баҳс мекунанд, ки бояд кӣ бупардозад, зан ё мард (видео)

- Дар ниҳоят генерал - солор ва дивизия - лашкар мешавад? Мақомоти Кумитаи забон ва истилоҳот, мегӯянд, тарҳи тарҷумаи рутба ва истилоҳоти ҳарбӣ мисли “Генерали артиш» “Артишсолор” “полковник” “сарҳанг” ва “подполковник” “сарҳангёр” ба Шӯрои амнияти миллӣ ва вазорати дифоъ пешниҳод кардаанд (видео)

- Заҳролудшавии 18 нафар баъди истеъмоли ғизои зудтайёр дар Душанбе(видео)

- Ширкати мобилӣ барои муштариёнаш хароҷоти шиносномаи навро ҷуброн мекунад (видео)

- Блогерҳои тоҷик мегӯянд, ки ҷинояте содир накардаанд (видео)

- Қирғизистонӣ барои нашри аксе бо президент дар Фейсбук ба бозпурсӣ даъват шуд. (видеои Настоящее время)

- Боздошти одамоне, ки барои Москва интихоботи воқеӣ талаб доштанд(видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG