Ссылки доступа

Дар Бангкок дар як рӯз якбора шаш таркиш рух дод


Дар минтақаҳои мухталифи Бангкок шаш таркиш рух дод, менависанд расонаҳо. Ба иттилои пулис ва табибон, дар натиҷаи ин таркишҳо чаҳор одам маҷруҳ шуда, як тани онҳо дар бемористон бистарӣ гардид.

Пулис аз боздошти ду гумонбар хабар дод. "Мо фавран таҳқиқро шуруъ мекунем. Рушди минбаъдаҳои ҳодисаро назорат мекунем ва чораҳои амниятиро тақвият медиҳем. Аз мардум мехоҳем, нигарон набошанд", - омадааст дар изҳороти ҳукумати Тайланд.

Пулис мегӯяд, таркиши аввал дар маркази шаҳр соати 7 субҳи вақти маҳаллӣ рух дод, баъди он пайи ҳам дар истигоҳи метро, дар минтақаи биноҳои ҳукуматӣ ва дар шоҳроҳи берунишаҳрӣ таркиш ба амал омад.

Яке аз дастгоҳҳои тарканда дар наздикии маркази конгресс рух дод, ки мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Эътилофи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқ онҷо баргузор мешуд. Соли ҷорӣ дар ин саммит намояндагони Бритониё, Русия, Чин ва ИМА ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG