Ссылки доступа

OCCRP: Интерпол раҳбари пешини "Остона LRT"-ро меҷӯяд


Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилӣ (OCCRP) 5 август хабар дод, ки Талгат Ардан, раҳбари пешини ширкати "Остона LRT"-и назди Идораи нақлиёти мусофирбар ва роҳҳои мошингарди шаҳри Нурсултони Қазоқистон аз сӯи пулиси байналмилалӣ ё Интерпол бо гумони дуздӣ ҷустуҷӯ мешавад.

Ардан аз соли 2014 то соли 2017 ширкати "Остона LRT"-ро раҳбарӣ мекард, ки бояд тарҳи роҳандозии нахустин қатори мусофирбари сабукро дар Қазоқистон иҷро мекард.

Додситонӣ як сол пас аз барканорияш зидди ӯ бо гумони сӯистифода аз мақом тафтишотро оғоз кард. Пештар Хадамоти мубориза бо коррупсияи Қазоқистон хабар дода буд, ки зидди Ардан парванда боз ва аз додгоҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтани ӯро дархост кардааст. Интерпол низ ҳафтаи гузашта ӯро ҳадафи пайгарди қонунӣ қарор дод.

Нашрия Astana Times 5 август хабар дод, ки суръати иҷрои тарҳ ба кундӣ пеш рафта, шаҳрдории Нурсултон сармоягузории онро то ба 350 миллион доллар кам кард. Ҳоло шаҳрдорӣ талош дорад, иҷрои тарҳи мазкурро, ки чанде пеш қатъ шуда буд, дубора аз сар гирад.

Ҳукумати Қазоқистон соли 2015 барои иҷрои тарҳи роҳандозии қатори мусофирбари сабук аз Бонки рушди Чин 1,5 миллиард доллар қарз гирифт. Ҳудуди 250 миллион доллари ин пул дар "Бонки Остона", ки мудираш ба дуздӣ айбдор мешавад, ҳабс шудаанд.

Шаҳрдори Остона Алтай Кулгинов гуфт, ба хотири сарфаи маблағ шумори истгоҳҳои қатори мазкурро аз 18 то ба 11, худи қаторҳоро аз 19 то ба 12 адад кам хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG