Ба гуфтаи вай, сабаби густариши дубораи гуруҳи террористӣ, ба вижа, ба кам шудани шумори низомиёни ИМА дар минтақа арзёбӣ мешавад. Дар натиҷа ақидаҳои "Давлати исломӣ" ҳатто дар урдугоҳҳои паноҳандагон дар Ал-Холи Сурия паҳн гардидааст, ки ин урдугоҳ зери назорати ҳампаймонони Вашингтон аст.
Президенти ИМА моҳи декабри соли гузашта эълом кард, ки низомиёни амрикоӣ Сурияро тарк мекунанд. Доналд Трамп, президенти ИМА ин тасмимро ба "пирӯзии мутлақ" ба ҷангҷӯён рабт дод. Вазири мудофиаи ИМА Ҷеймс Мэттис бо нишони эътироз аз ин тасмим ба истеъфо рафт. Дар ниҳоят аъзои баландпояи Пентагон, ба навиштаи расонаҳо, амалан Трампро розӣ карданд, ки қисме аз артиш дар Сурия боқӣ монад.