Ссылки доступа

Муҳоҷирони заҳролудшудаи ӯзбек ҳанӯз ҳам дар бемористони Самара бистариянд


Раёсати тандурустии вилояти Самараи Русия мегӯяд, ҳудуди 60 шаҳрванди Ӯзбекистон, ки 17 июли соли равон заҳролуд шуда буданд, ҳанӯз ҳам дар беморхона қарор доранд.

"57 шаҳрванди Ӯзбекистон дар бемористонҳои вилоят бистарӣ буда, 12 тани дигар ҷавоб дода шуданд", - иттилоъ додааст РИА Новостӣ бо истинод ба намояндаи Раёсати тандурустии Самара.

Ёдрас мешавем, 17 июли соли равон дар вилояти Самара 69 шаҳрванди Ӯзбекистон бо нишонаҳои заҳролудшавӣ за "маводи номаълум" ба беморхона интиқол дода шуданд.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон дар як корхонаи Самара кор мекарданд. Роҳбарияти корхона мегӯяд, ҳамаи муҳоҷирон фаъолияти қонунӣ дошта, дар асоси шартнома кор менамуданд. Корфармо хабар дод, ки харҷи табобати муҳоҷиронро мепардозад.

Ҳодиса таҳти назорати Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG