Ссылки доступа

Посухи Ашраф Ғанӣ ба таҳдиди Толибон дар робита ба интихоботи Афғонистон


Толибон интихоботи президентии Афғонистонро як раванди "фиребанда" хонда ва таҳдид кардаанд, ки ба таври ҷиддӣ монеи баргузории он хоҳанд шуд. Раиси ҷумҳури Афғонистон дар вокуниш ба ин таҳдиди Толибон мегӯяд, мардуми ин кишвар таслими зӯр намешаванд.

Гурӯҳи Толибон бо пахши эъломия, ки рӯзи 6-уми август ба расонаҳо расид, аз афғонҳо хостааст, ки дар ҳамоишҳои интихоботӣ ва раъйдиҳӣ ширкат накунанд, то дар ҳамлаҳои онҳо осеб набинанд. Муборизаҳои интихоботии раёсати ҷумҳури Афғонистон даҳ рӯз пеш оғоз шуд ва ҳудуди 50 рӯзи дигар идома хоҳад ёфт. Ин интихобот қарор аст дар нимаи дувуми моҳи сентябр баргузор шавад.

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, ҳар гурӯҳе, ки мухолифи интихобот аст, талош мекунад то аз тариқи зӯр ба қудрат бирасад, ки ин барои афғонҳо қобили қабул нест. Мирзо Муҳаммад Ҳақпараст, сухангӯи ин комиссия ба Радиои Озодӣ гуфт, интихобот барои интиқоли сулҳомези қудрат як раванд аст ва бояд ҳукумат амнияти онро таъмин кунад.

Дар ҳамин ҳол, бархе тимҳои интихоботӣ ин таҳдиди Толибонро камаҳамият хонда ва мегӯянд, мардуми Афғонистон дар бораи таъйини сарнавишти худ аз ҳеҷ кас наметарсанд ва монанди гузашта дар интихобот иштирок хоҳанд кард.

Президент Ашраф Ғанӣ, ки номзади ин интихобот низ ҳаст, рӯзи 6-уми август дар ҳамоише дар Кобул дар вокуниш ба таҳдиди Толибон гуфт, мардуми ин кишвар ба зӯргӯиҳо сар хам нахоҳанд кард ва дар рӯзи интихобот ба таври густурда ширкат хоҳанд намуд.

"Имрӯз Толибон як эъломия пахш карданд, ки ба ҳамоишҳои интихобот ҳамла мекунанд. Борҳо чунин таҳдидҳое кардаанд ва дар интихоботи порлумонӣ ҳам таҳдид карда буданд. Мардуми Афғонистонро бишносед, ки ба зӯргӯӣ таслим намешаванд. Агар барои мо зӯр гуфта шавад, ки як корро накунед, чун ба зӯр гуфта шудааст, мо баръакс ҳамон корро мекунем",-афзудааст Ашраф Ғанӣ.

Аз сӯе ҳам, ин таҳдиди Толибон бо вокуниши Созмони Афви Байналмилал рӯбарӯ шудааст. Дар баёнияе, ки аз сӯи ин созмон ба расонаҳо фиристода шуд, аз қавли Замон Султонӣ, пажӯҳишгари Ҷануби Осиёи ин созмон омадааст, ки ин таҳдиди Толибон беэҳтиромӣ ба ҳаёти инсонӣ аст.

Оқои Султонӣ гуфтааст, Толибон аз як сӯ иддаои музокироти сулҳро доранд ва аз сӯи дигар ҳамоишҳои ғайринизомиро таҳдид ба ҳамла мекунанд, ки ҷинояти ҷангӣ ба шумор меравад. Замон Султонӣ ҳифзи ҷони ғайринизомиён дар ҷараёни маъракаҳои интихоботиро масъулияти мақомоти афғон хондааст.

Ин дар ҳоле аст, ки мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Афғонистон таҳдид карда буданд, ки интихоботи қаблии порлумониро барҳам мезананд. Дар ҷараёни интихоботи порлумонии Афғонистон, ки тирамоҳи гузашта баргузор шуд, дар Кобул ва бархе вилоятҳои он кишвар ҳамлаҳое сурат гирифт, ки талафоте низ дар пай дошт.

Ҳарчанд вазорати умури дохилии Афғонистон дар бораи таҳдиди нави Толибон чизе нагуфтааст, аммо пеш аз ин ҳукумати Афғонистон гуфта буд, ки амнияти интихобот ба таври ҷиддӣ таъмин хоҳад шуд.

Таҳдиди Толибон дар шароите садо медиҳад, ки Залмай Халилзод, намояндаи хоси Амрико дар умури Афғонистон рӯзи душанбе пас аз се рӯзи музокирот бо гурӯҳи Толибон дар пойтахти Қатар барои поён додани ҷанги 18-солаи Афғонистон, аз пешрафтҳо дар музокирот хабар дод.

XS
SM
MD
LG