Ссылки доступа

Президенти пешини Қирғизистон тазоҳуроти бемуҳлат эълом кард


Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар назди бинои "Медиа Форум", ки ба ӯ тааллуқ дорад ва телевизиони "Апрел" ҳам дар он ҷойгир аст, тазоҳуроти бидуни муҳлат эълом кард.

"Даст ба тазоҳурот мезанем, то моро гусфанд наҳисобанд. Дирӯз талош карданд, боздошт кунанд. Мақомот самти худро тағйир медиҳанд. Дар он маҷмаа танҳо Отамбоев мусаллаҳ буд. Додситонии кул намедонад ё худро ба нодонӣ мезанад. Хонаи ман то қарори додгоҳ зери ҳимояти давлат аст ва қудратиҳо ҳаққи омадан ба онҷоро надоранд", - изҳор дошт президенти пешини Қирғизистон.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 8 август дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш гуфт, "Отамбоев бо муқобилияти мусаллаҳона нишон додан ба раванди қонунии тафтишот Конститутсия ва қонунгузории кишварро сахт нақз кард. Ҷеенбеков афзуд, ки барои ҳифзи қонун ва субот дар Қирғизистон бояд "чораҳои таъхирнопазир" андешид.

Дар деҳаи Кой-Тош, ки онҷо манзили зисти Отамбоев ҷойгир аст, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 300 нафар ҷамъ шудаанд. Онҳо тасмим доранд, бо шиори "Ҷеенбеков, бирав!" ба назди Кохи сафед ва бинои ҳукумати Қирғизистон дар шаҳри Бишкек бираванд.

Неруҳои махсуси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон шаби 7 ба 8 август ба хонаи Отамбоев ҳамла карда, хостанд, ӯро боздошт кунанд. Вале амалиёт ноком анҷом ёфт.

Ҷонибдорони Отамбоев ба неруҳои махсус иҷозат надоданд, ки ба бино ворид шуда, президенти пешинро дастгир кунанд.

Телевизиони "Апрел" муроҷиати видеоии Отамбоевро намоиш дод, ки амалиёти боздошташро ғайриконститутсионӣ ва ғайриқонунӣ номид. "Ман чанд бор пешниҳод кардам, ки хаттӣ баёнот диҳам. Намояндаи ман Сергей Слесарев дирӯз дар Вазорати умури дохилӣ буд ва пешниҳод кард, ки посухҳои маро хаттӣ пешниҳод кунад. Ман омодаам, дар робита ба ҳамаи масоил суҳбат кунам, зеро ҳеч гуна фасодкорие набуд. Инро худи президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков медонад", - афзуд ӯ.

Бино ба маълумоти ахир, дар натиҷаи задухӯрд 52 кас осеб дида, як сарбози неруҳои махсус аз тири силоҳ ба ҳалокат расид. Сардори пулиси вилояти Чуй Самад Курманкулов, ки дар деҳаи Кой-Тош қарор дошт, аз ноҳияи сараш сахт осеб дида, ӯро то ҳол ду бор ҷарроҳӣ карданд.

Алмосбек Отамбоев моҳҳои охир се дафъа барои бозпурсӣ ба Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон даъват шуд, вале нарафт. Вакили мудофеи президенти собиқ даъват ба бозпурсии ӯро ғайриқонунӣ номид ва пешниҳод кард, ки нафари зери ҳимояташ ба суоли хаттии муфаттишон хаттӣ ҷавоб гӯяд. Ин пешниҳоди ӯ қабул нашуд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми июни имсол Алмосбек Отамбоевро аз унвони президенти пешин ва ҳамин тавр масуняит маҳрум кард.

Алмосбек Отамбоевро ба ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев гумонбар медонанд. Вай ҳамчунин ба ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек, фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, муттаҳам аст. Вале худи ӯ гуфтааст, ҳеҷ як иттиҳомро қабул надорад.

XS
SM
MD
LG