"Мо ҳамоно дар масъалаи Кашмир ва масоили дигар бо Ҳинду Покистон гуфтугӯи мустақим дорем", - иттилоъ дод маркази матбуотии департаменти давлатии ИМА. Изҳороти ИМА дар ҳоле садо медиҳад, ки Элис Уэллс, иҷрокунандаи вазифаи ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубиву Марказӣ дар Покистон қарор дорад.
Вай барои гуфтугӯи сулҳи Афғонистон ба Покистон рафтааст, аммо интизор меравад, мақомоти Покистон бо вай масъалаи Кашмирро низ баррасӣ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, Уэллс баъди анҷоми сафари Исломобод ба Ҳинду Шри-Ланка хоҳад рафт.
Дар ҳамин ҳол, сарвазири Покистон Имрон Хон ваъда дод, тамоми имконотро истифода мекунад, то Ҳиндро ба ақибнишинӣ аз минтақаи Кашмир водор кунад.
Имрон Хон дар ҷаласаи муштараки порлумони кишвараш рӯзи 6 август гуфт, масъалаи Кашмирро бо роҳбарони кишварҳои дигар дар миён мегузорад ва ба Шӯрои амнияти СММ ва Додгоҳи байналхалқии ҷиноӣ низ муроҷиат мекунад. Вай гуфт, амалкарди Ҳинд мумкин аст, боиси даргирӣ байни ду кишваре шавад, ки ҳар ду ҳам силоҳи ҳастаӣ доранд. "Дар ин сурат касе пирӯз нахоҳад шуд", - афзуд вай.