Ссылки доступа

Президенти пешини Қирғизистон бо қарори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд


Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон то рӯзи 26-уми август дар боздоштгоҳ мемонад. Дар ин бора Додгоҳи ноҳияи Первомайи шаҳри Бишкек иттилоъ додааст.

Отамбоев рӯзи 8-уми август тайи амалиёти густурдаи нерӯҳои қудратии Қирғизистон дар манзилаш дар канораҳои Бишкек, боздошт шуд. Ба иттилои додгоҳ, Отамбоев ба даст доштан дар коррупсия ва "иштирок дар ҷиноят" муттаҳам аст. Президенти пешинро дар Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар нигаҳ медоранд.

Вакили дифои Отамбоев ба хабаргузории русии "Интерфакс" гуфтааст, бо тасмими Додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек, зерҳимояш дар даврони таҳқиқот, то 26-уми август дар боздоштгоҳ мемонад.

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, 8-уми август ва дар рӯзи дувуми амалиёти нерӯҳои амниятиву пулис боздошт шуд. Рӯзи аввали амалиёт ноком буд. Дар ҷараёни он як афсари амниятӣ кушта ва даҳҳо нафар захмӣ гардиданд.

Отамбоев баъд аз як музокирот бо намояндаи мақомот ба берун баромад ва таслим шуд. Аммо пеш аз он аз муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Курсан Асанов, ки амалиёти боздоштро раҳбарӣ мекард, хост, ба тарафдоронаш зиён нарасонанд. Даҳҳо тан аз ҷонибдорони президенти собиқ дар хонааш буданд ва аз ӯ ҳимоят мекарданд.

Достижения и провалы президента Алмазбека Атамбаева
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:13 0:00

Алмосбек Отамбоев моҳҳои охир се дафъа барои бозпурсӣ ба Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон даъват шуд, вале нарафт. Вакили мудофеи президенти собиқ даъват ба бозпурсии ӯро ғайриқонунӣ номид ва пешниҳод кард, ки нафари зери ҳимояташ ба суоли хаттии муфаттишон хаттӣ ҷавоб гӯяд. Ин пешниҳоди ӯ қабул нашуд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми июни имсол Алмосбек Отамбоевро аз унвони президенти пешин ва ҳамин тавр масуният маҳрум кард.

Алмосбек Отамбоевро ба ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев гумонбар медонанд. Вай ҳамчунин ба ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек, фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо муттаҳам аст. Вале худи ӯ гуфтааст, ҳеҷ як иттиҳомро қабул надорад.

XS
SM
MD
LG