Мақомоти вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, ки қарор аст машқи муштараки низомӣ дар размоишгоҳи вазорати дифои Тоҷикистон дар Ҷелондии Шуғнон, ки дар баландии 3500 метр ҷойгир аст, рӯзи чаҳоршанбе анҷом ёбад. Ба гуфтаи мақомоти вазорати дифои Тоҷикистон, дар ин машқи муштараки низомӣ ҳавопаймоҳои ҷангӣ, танку зиреҳпушҳо ва қисмҳои ҳарбии пиёдагард, иштирок мекунанд.
Ориф Нозимзода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 13-уми август аз маҳали размоиш гуфт, ки ҳадафи ин машқи низомӣ, мубориза бо гурӯҳҳои терористию тундрав буда, дар ҳолати пеш омадани чунин хатарҳо, роҳҳои мубориза бо он тарҳрезӣ ва сипас иқдом мешавад.
Машқи низомӣ соати 6:30 дақиқаи субҳи 12-уми август бо задани бонгӣ изтироб бо ҳузури неруҳои ҳарбӣ ва ҳавоии Вазорати дифоъ дар Хоруғ шурӯъ шудааст. "Ба ин муносибат ҳамаи размоишгоҳҳои Бадахшон ба ҳолати ҷангӣ оварда шуданд ва машқи низомии муштараки Тоҷикистону Чин бо тирпаронии ҷангӣ рӯзи чаҳоршанбе оғоз мешавад",-афзуд Ориф Нозимзода.
Дар ин машқи низомӣ аз ҳузури ҳайатҳои ҳарбӣ ва нерӯҳои пиёданизому зиддиҳавоии ду кишвар хабар дода мешавад, вале дар мавриди теъдоди нерӯҳои ширкаткунанда дар ин размоиш маълумоти дақиқ дар даст нест. Мақомоти вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, ки ба далелҳои амниятӣ шумораи дақиқи ҳайатҳои низомии ду кишвар эълон намешавад.
Чунин размоиш муштараки низомиёни Тоҷикистон ва Чин моҳи октябри соли 2016 низ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир шуда буд, ки дар он дар маҷмӯъ, ҳудуди 10 ҳазор нафар, аз ҷумла 200 тан аз низомиёни чинӣ мустақиман дар размоишгоҳ ҳузур доштанд.
Размоиши муштараки низомиёни Тоҷикистону Чин дар ҳоле баргузор мешавад, ки вазъ дар вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистону Чин, ноором ба назар мерасад. Гурӯҳи Толибон чанд минтақаро дар ин вилоят аз солҳо ба ин тараф дар ихтиёри худ дорад. Ҳарчанд он ҳаргиз талоши ҳамла бо марзро накардааст, аз тарафи кишварҳои минтақа хатар дониста мешавад.
Аз сӯи дигар, тибқи иттилои хабаргузориҳо, ҷангиёни уйғури мухолифи ҳукумати Чин ва ҷангиён аз Тоҷикистон низ дар бархе аз минтақаҳои ин вилоят дар канори гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи ҳукумати Афғонистон қарор доранд. Мақомот дар Душанбе ва Пекин борҳо аз ҳузури ҷангиёни кишварҳои худ дар Афғонистон нигаронӣ карда буданд.
Овардани нерӯҳои зиёд ба ВМКБ аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ зимни чанд амалиёти махсуси давлати Тоҷикистон дар ин ҷо тобиши манфӣ низ касб мекунад.
Тоҷикистон бо Чин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳудуди 500 километр марзи муштарак дорад. Вилояти ноороми мусулмоннишини Шинҷону Уйғур ҳам дар ин минтақа ҷойгир аст. Чин аз ҷудоиталабии уйғурҳо нигарон аст ва бо Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ аз ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷудоиталабӣ созишнома имзо кардааст.