Ссылки доступа

Расонаҳо: Стивен Биегун - номзад ба мақоми сафирии ИМА дар Русия


Стивен Биегун
Стивен Биегун

Президенти ИМА Доналд Трамп номзадии Стивен Биегунро, ки дар гуфтугӯҳо бо Куриёи Шимолӣ Вашингтонро намояндагӣ мекард, ба мақоми сафирии кишвараш дар Русия баррасӣ дорад. Дар ин бора Reuters бо истинод ба як манбаъ дар Кохи сафед хабар дод.

Расонаи Vox ду рӯз пеш бо такя ба ду шахси наздик ба Трамп хабар дод, ки Биегун номзади асосӣ ба мақоми сафирии ИМА дар Русия аст.

Сафорати ИМА дар Москва ҳафтаи гузашта номаи Ҷон Ҳатсман ба Трампро нашр кард, ки гуфта буд, 3 октябр аз мақоми худ канор хоҳад рафт. Дар ҳоли ҳозир дар бораи номзадҳои дигари эҳтимолӣ ба мақоми сафирии ИМА дар Русия маълумоте рӯи даст нест.

Стивен Биегуни 56-сола улуми дипломатия ва забони русиро дар Донишгоҳи Мичиган омӯхтааст. Ӯ ибтидои солҳои 90-ум раҳбари намояндагии Пажуҳишгоҳи байналмилалии ҷумҳуриявӣ дар Москва ва дар замони президентии Ҷорҷ Буши хурдӣ дар Кохи сафед мушовири умури хориҷӣ буд.

XS
SM
MD
LG