Дар ширкати "Сомон Эйр" рӯзи 19-уми август гуфтанд, ки нархи билети ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав марзи 4 ҳазор сомониро убур кардааст. Ба иттилои манбаъ, нархи билети ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе-Маскав барои рӯзи 21-уми август 4 ҳазору 211 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамсӯҳбатамон далели болоравии нархҳоро ба сафари донишҷӯён ба Русия рабт дод.
Дар бархе аз дӯконҳои чиптафурӯшии Душанбе низ болоравии нархи билетҳоро ба афзоиши талабот дар мавсими бозгашти донишҷӯён ба макони таҳсилашон дар Русия рабт доданд. Дар ҳоли ҳозир 20 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд.
Афзоиши нархи билети ҳавоимаймо аз Тоҷикистон ба Русия дар чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нигарониҳоеро ба миён овард. Бону Саида Муҳиддинзода, як корбари "Фейсбук" санаи 17-уми август дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, "наход нархи як чиптаи ҳавопаймо аз се ҳазору панҷсад сар карда, арзонаш 2800 сомонӣ бошад. Як ҳафта пеш пурсидам, 2000 ҳазор буд. Наход дар байни як ҳафта қариб ҳазор сомонӣ боло равад?".
Болоравии нархи билет дар ҳолест, ки арзиши як билети ҳавопаймо моҳи июли имсол аз Душанбе ба шаҳрҳои Русия то дувуним ҳазор сомонӣ буд ва бархе сокинон аз гаронии қимати билетҳо шикоят карда буданд.
Икром Субҳонзода, мудири Оҷонсии авиатсияи гражданӣ рӯзи 26-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе тасдиқ карда буд, ки дар воқеъ нархи билетҳо дар муқоиса ба кишварҳои ҳамсоя дар Тоҷикистон гарон аст. Ӯ дар посух ба суол дар бораи гаронии нарх гуфт, аз 40 то 45 дарсади арзиши чипта барои сӯзишворӣ сарф мешавад ва вақте сӯзишворӣ гарон аст, нархи билет низ гарон мешавад.
Гаронии нархи билет дар солҳои ахир сокинони Тоҷикистонро водор кардааст, ки аз тариқи Қирғизистон ва Узбекистон худро ба дигар кишвар расонанд. Гурӯҳи дигар бахусус муҳоҷирон сафар ба автобусро бартарӣ медиҳанд. Арзиши сафар бо автобус ҳудуди 900 сомонӣ аст. Ҳарчанд ба гуфтаи аҳолӣ сафар бо автобус 3-4 рӯз ва пурмашаққат аст, аммо аз сабаби гарон будани парвоз бо ҳавопаймо ночор ба азоби роҳ тоқат мекунанд.
Шикоятҳо аз гаронии нархи чипта борҳо садо додааст. Бахусус дар фасли баҳор ва тирамоҳ дар мавсими рафту баргашти муҳоҷирони корӣ ҳамеша билетҳо гарон мешаванд. Аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия ва Истанбули Туркия ҳавопаймоҳо бештар парвоз мекунанд.