Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон муҳлати хизмати сарбозиро барои ҳама баробар мекунанд


Муҳлати хизмати сарбозӣ дар Ӯзбекистон расман 12 моҳро ташкил медиҳад. Қонуни мазкурро президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев рӯзи 5 сентбяр имзо кард.

Тағйиру иловаҳо ба Қонун "Дар бораи уҳдадориҳои умумии низомӣ ва хизмати сарбозӣ" муҳлати адои хизмати сарбозиро 12 моҳ таъйин кард.

То ин замон дар Ӯзбекистон хизмати низомӣ барои сарбозони қатори ва ҳайати сержантҳо 12 моҳ ва барои афроди дорои маълумоти олӣ 9 моҳро ташкил медод.

Ба ҷуз ин, тибқи қонун, сабти шаҳрвандон дар қитъаҳои низомӣ моҳҳои апрел-май сурат мегирад. То кунун ин гуна сабт моҳҳои апрел-июн давом мекард.

Кроме того, теперь приписка молодых людей на призывных участках произойдет с апреля по май. Ранее приписка проходила с апреле по июнь.
Источник: https://upl.uz
XS
SM
MD
LG